Абдулҳаким Розиқзода раиси Комиссияи Олии аттестатсионии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ муносибати байни олимон ва мактабҳои олии ҷумҳуриро нигаронкунанда донист. Ӯ гуфт, ки маҳз муносибати хусуматомез боис гардидааст, ки баъзе соҳаҳои пураҳмият дар кишвар рушд накунанд.
Ҳамзамон Абдулҳаким Розиқзода раиси Комиссияи Олии аттестатсионии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки саҳлангориву шитобкорӣ ва рӯйбардорӣ аз таҳқиқоти дигарон боис гардидааст, ки асолати корҳои диссертатсионӣ хеле паст гардад.
Абдулҳаким Розиқзода раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки аксарияти диссертатсияҳое, ки рад карда мешаванд бо гуноҳи котибони илмии Шӯроҳои диссертатсионӣ аст. Абдулҳаким Розиқзода таассуф хӯрд, ки бовуҷуди гузаронидани семинару машваратҳо бо котибони илмии Шӯроҳои диссертатсионӣ онҳо ба талабот риоя намекунанд ва корҳои илмиро хуб аз назар намегузаронанд.
Ҳамзамон Абдулҳаким Розиқзода раиси КОА дар нишасти хабарӣ баён дошт, ки бархе аз олимони мо кори комиссияро як навъ осонии кор медонанд, ки ин мутлақо ғалат мебошад. Абдулҳаким Розиқзода инчунин масъалаҳоеро ба мисли рафти шӯроҳои диссертатсионӣ, дар муддати кӯтоҳ ҳимояи корҳои илмӣ ва бо шогирдон кам кор кардани олимонро ном бурд, ки беҳбудиро талаб мекунад ва аз аъзоёни шӯроҳои диссертатсионӣ ҷиддиятро талаб мекунад.
Абдулҳаким Розиқзода раиси КОА ҳолати соҳаи саноати кӯҳӣ ба истилоҳ геологияро дар кишвар нигаронкунанда номид. Ӯ гуфт хусумату нотавонбинӣ барои рушди ин соҳа имкон намедиҳад ва синну соли мутахассисони ин самт аллакай аз 80 гузаштааст.
Тибқи иттилои масъулини КОА соли гузашта 161 дархост аз ҷониби Комиссияи Олии аттестатсионии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти унвони илмӣ рад шудааст ва 42 дархости дигар дар ҳоли баррасӣ қарор доранд. Ба таъкиди Розиқзода дар соли 2022 745 дархост ба Комиссия ворид гардид, ки аз ин миён 82 адади он барои дарёфти унвони профессорӣ буд. Гуфта шуд, ки аз ин теъдод танҳо 539 дархост қонеъ карда гардонида шуд, ки 58 адади он барои дарёфти унвони профессорӣ мебошад. Аз ин бармеояд, ки аз ҷониби КОА 24 дархост барои дарёфти унвони профессорӣ рад карда шудааст.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”