Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афзоиши музди меҳнат ва нафақа дар кишвар, кумаки Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Туркия, афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо ва нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ маводи зиёди хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 8 феврал дар мақолае масъалаи равишҳои омӯзиши забони англисӣ дар кишварро баррасӣ кардааст. Дар ин матлаб муаллиф таъкид мекунад, ки имрӯз бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ пешрафт тасаввурнопазир аст, зеро дар тамоми соҳаҳо донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ, муҳим аст ва талабот ба донистани забони англисӣ рӯз ба рӯз меафзояд.
Ба навишаи муаллиф, мутаассифона, мушоҳида ва таҳлилҳои касбӣ нишон медиҳанд, ки омӯзиши забони англисӣ дар кишвар беҳбудӣ мехоҳад, дар ин замина бояд омӯзгорон аз усулҳои муосири таълим дар фаъолияти кории худ истифода баранд, то шогирдони онҳо ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ ба воя расида, дар бозори меҳнат рақобатпазир буда, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо намоянд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи рӯзи 6 феврал бо нашри мақолае вазъи роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Норакро баррасӣ карда, навиштааст, ки дар роҳи мазкур аз дарвозаи Душанбе то наздикии нақби «Хатлон», хатҳои уфуқии роҳ дар баъзе ҷойҳо пурра ва дар баъзеи дигар қисман тоза шуда, ба рангмолӣ ниёз доранд.
Дар ҳамин ҳол Карим Расулзода, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Ваҳдат ба ин нашрия гуфтааст, ки яке аз сабабҳои тез-тез тоза шудани хатҳои уфуқӣ сифати пасти рангест, ки дар роҳҳо истифода мешавад ва барои ранг кардан бошад, маблағ зарур аст.
Муаллиф дар идома таъкид мекунад, ки ҳолати мавҷуда аз масъулони идораҳои нигаҳдории роҳ тақозо менамояд, ки барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ ва садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи саломатии ронандагону пиёдагардон ҷиҳати сари вақт хушнамо кардани хатҳои уфуқӣ чораҷӯӣ намоянд.
Инчунин, ба гуфтаи муаллиф ҳолати назди бозори маъруф ба «Стансия»-и шаҳри Ваҳдат низ, аз масъулон андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо дорад. Зеро ин бозор дар канори шоҳроҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойгир буда, истгоҳ надорад, ки дар натиҷа боиси тамбашавии зиёди нақлиёт мегардад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 8 феврал хабар додааст, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.
Ҳайати парлумонии кишвар дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ — «Дар хусуси таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд», ки 9 — 10-уми феврали соли ҷорӣ баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар кори нахустин Форуми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон раисони парлумонҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумораи рӯзи 6 феврал менависад, ки ахиран бо ибтикори Маҷлиси намояндагон маросими муаррифии Кодекси маданӣ (шаҳрвандӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд. Дар ин матлаб зикр мешавад, ки Кодекси маданӣ дар Тоҷикистон аз якуми июли соли 2023 мавриди амал қарор мегирад.
Бояд гуфт, ки кодекси мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ, инчунин тартиби амалӣ намудани муносибатҳои молумулкӣ, ҳуқуқи молумулки зеҳнӣ, муносибатҳои корпоративӣ, шартномавӣ ва дигар уҳдадориҳоро танзим менамояд. Хусусан, дар бораи идораи замин кодекси нав ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хоҷагиҳои деҳқониро муқаррар намуда, тартиби бақайдгирии заминро сода мекунад.
Қобили зикр аст, ки Кодекси мадании Тоҷикистон калонҳаҷм буда, аз 8 фасл, 72 боб ва 1351 модда иборат аст, ки он муносибатҳои нави маданиро танзим, падида ва муқаррароти зиёди муосирро дар таҳрири нав пешбинӣ намудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 8 феврал дар сармақолаи худ бо номи “Содирот манъ шуду боз қиматӣ. Чаро?” масъалаи нархи болои пиёзро дар бозорҳои кишвар баррасӣ кардааст. Муаллиф дар ин мақола навиштааст, бо вуҷуди он ки содироти пиёз аз Тоҷикистон манъ шуд, аммо ин иқдом ба нархи пиёз таъсир накард ва дар бозорҳои 1 кг пиёз аз 8 то 10 сомонӣ арзиш дорад. Муаллиф таъкид мекунад, ки барои коҳиши нархи пиёз ҳамагон ба умеди ҳосили нав ҳастанд, аммо то ҷамъоварии ҳосили нав се моҳи дигар вақт аст. Пас дар ин муддат арзиши пиёз то ба чанд сомонӣ мерасида бошад, савол гузоштааст муаллиф.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре масъалаи норасоии мутахассисони забони имову ишора дар кишварро дар мусоҳиба бо Саттор Қувватов муовини раҳбари Мактаби ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ баррасӣ кардааст.
Ба гуфтаи Саттор Қувватов айни замон дар Тоҷикистон норасоии омӯзгорон ва тарҷумонҳои забони имову ишора вуҷуд дошта, ин мутахассисон танҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ омода карда мешаванд. Аммо ба гуфтаи мусоҳиб, солона факултаи забони имову ишораи ин донишгоҳ танҳо 13 нафарро қабул мекунад, ки то соли панҷуми хониш танҳо 4-5 нафари онҳо боқӣ мемонанд.
Дар фарҷоми мақола таъкид мешавад, ки бояд дар Тоҷикистон факултаҳои омӯзиши забони имову ишора дар дигар донишгоҳҳо, аз ҷумла донишгоҳи тиббӣ низ таъсис дода шавад, зеро дар кишвар беш аз 30 ҳазор афроди ношунаво зиндагӣ мекунад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 9 феврал дар сармақолаи худ кумаки Ҳукумати Тоҷикистон ба осебдидагони заминҷунбии мудҳиш дар Туркияро муфассал баррасӣ кардааст. Нашрия дар саҳфаи аввали хеш зери унвони “Шабу рӯз кор хоҳем кард” акси бузурге аз гурӯҳи наҷотбахшони тоҷикро нашр кардааст, ки барои кумак ба мардуми Туркия озими ин кишвар шуданд.
Нашрия ёдовар мешавад, ин аввалин бор аст, ки наҷотбахшони тоҷик барои анҷоми амалиёти имдодгарӣ ба хориҷи кишвар мераванд. Ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистон 100 тонна кумаки башардустона барои мардуми зарардидаи Туркия ҷудо кардааст.
Ҳафтаномаи “Пайк” дар шумоари рӯзи 9 феврал зимни натиҷагирӣ аз нишасти матбуотии раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб аз фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии минтақа интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф дар минтақаи Кӯлоб 13 хоҷагии тухмипарварӣ ва зотпарварӣ мавҷуд аст, ки 60 дарсади заминҳои корам ё худ беш аз 20 ҳазор гектар заминро дар ин минтақа дар ихтиёр доранд.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи муаллиф хоҷагиҳои мазкур 1 кг тухмии зироат захира надоранду чорвои зотӣ низ ба кишоварзони минтақаи Кӯлоб пешниҳод намекунанд. Ба хулосаи муаллиф, ин ба маънои он аст, ки хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар минтақа заминҳои корамро ғайримақсаднок истифода мекунанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”