Имрӯз нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон кори худро оғоз намуд.
Тавре дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ба Радиои Тоҷикистон хабар дод, Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ба сатҳ ва раванди баргузории нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, баргузории онро барои тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои ширкаткунанда дар ҳамаи заминаҳо, таҳкими дӯстиву рафоқат, бародарӣ, истифода аз таҷрибаи ҳамдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо муфид арзёбӣ кард.
Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҳошияи иштироки худ дар кори нахустин Форуми байнипарлумонии давлатњои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон, дар мавзӯи: «Таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд» дар радифи 5 Сарони парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар назди иштирокчиёни ин нишаст баромад намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон дӯстони қазоқро ба муносибати раисии муваффақона дар Форуми мазкур табрик намуда, Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро ба муносибати дубора интихоб шуданашон ба ин мансаб табрик намуд.
Сипас, Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки имрӯз дар чаҳорчӯби вохӯриҳои машваратӣ дар сатҳи сарони парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ муколамаи мунтазам ва созанда ба роҳ монда шудааст.
Бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарияти олии кишварҳоямон динамикаи устувори мусбати ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои дорои манфиатҳои муштарак рушд ёфтаанд.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ тамоюли босуръати афзоиш доранд.
Равандҳои манфии таҳдидҳои афзояндаи амнияти ҷаҳонӣ, Осиёи Марказиро низ канор намегузоранд.
Хавфи таъсири идеологияи ифротгароии радикалии динӣ ба суботи минтақа ҳамчунон зиёд аст.
Бо дарназардошти ин омилҳо, мусоидати ҳамаҷонибаи сохторҳои парлумонӣ ба муқовимати муштараки самарабахши кишварҳоямон ба ин таҳдидҳои амниятӣ вазифаи ҳамаррӯзаи мо ба ҳисоб меравад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода итминон намуданд, ки дар натиҷаи форуми имрӯза барои ҳамоҳангии зичи фаъолияти мақомоти қонунгузории кишварҳои минтақа ҷиҳати мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ, рушди робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг заминаҳои нав ба вуҷуд меоянд.