Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023», бозии сеюмашро доир намуд. Мусобиқаи «Ҷоми рушд-2023» дар шаҳри Мински Белорусия ҷараён дорад.
Тими наврасони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии «Ҷоми рушд-2023» дар гурӯҳи «В» бар тими наврасони Эрон бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст овард. Ҳамаи голҳоро аз ҳайати тими наврасони Тоҷикистон (U-17) Раббонӣ Камолов ба самар расонид.
Қаблан дар ду бозии аввали мусобиқа дар мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тимҳои Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда буд.