Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва ҷаҳон маводи зиёди хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 1 феврал мақолае бо номи “Тағйирёбии иқлим. Рақобатҳои геополитикӣ ва дурнамои ҳалли мушкилот” чоп карда, ҷаҳонро гармоиши шадид интизор аст. Дар ин матлаб таъкид мешавад, бисёре аз коршиносон дар остонаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, ки дар шаҳри Давоси Швейтсария аз 16 то 20 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, дар гузориши Созмони глобалии хатарҳо зикр шудааст, ки тамоюли мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба ҷойи мубориза бо он ба вуҷуд омадааст.
Илова бар ин, зикр мешавад, ки “гузариш ба иқтисоди сабз сармоягузории бештарро талаб мекунад ва ба иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад. Кишварҳои камбизоат аз кишварҳои сарватманд барои зарари иқлим ҷуброн талаб мекунанд. Аз ин рӯ, дар баробари мубориза бо тағйирёбии иқлим, сиёсати мутобиқшавӣ ба гармшавии глобалӣ рӯи кор меояд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин масъалаи афзоиши қимати ангишт дар кишварро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф як тонна ангишти босифат, агар ба гуфтаи масъулон дар назди конҳо 350 сомонӣ арзиш дошта бошад, дар аксари маҳалҳои аҳолинишин он ба ҳисоби миёна 2 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад, ки ин қариб ҳамарзиши як тонна гандуми воридотӣ аз Қазоқистон аст.
Муаллиф дар идомаи ин мавзӯъ менависад, ки аз рӯи таҳлили коршиносон, харҷи асосӣ бештар дар корҳои зеризаминӣ ё шахтаҳо мебошад, ки чунин корҳо дар истихроҷи ангишти ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17,4 дарсадро ташкил медиҳад. Боқимонда корҳо бошад дар фазои кушод сурат мегиранд. Пас, чи хароҷоти дигаре дар истихроҷу интиқоли ангишт мавҷуд аст, ки арзиши санги сияҳро гарон намудааст?
Бо назардошти нархгузории беинсофонаи қимати ангишт, муаллиф пешниҳод кардааст, ки истихроҷ ва интиқолу дастраскунии ангишт пурра дар дасти сохтори давлатӣ бошад. Дар акси ҳол, ба гуфтаи муаллиф баъзе тоҷирону корхонаҳо ба ҳар баҳона сол ба сол арзиши ангиштро ба хости дили худ боло бурда, гароние дар кӯлбори зимистонгузаронии сокинон ба бор оварда истодаанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 31 январ хабар додааст, ки ахиран Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафар ба Алҷазоир бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолият, боздиди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳои ҳар ду ҷониб ба тавсеаи ин раванд мусоидат намуд.
Дар идома ҷонибҳо зикр кардаанд, ки созу кори муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад. Таъкид мешавад, ки дар замони муосир ба роҳ мондани ҳамкориҳои васеи иқтисодию сармоягузорӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ байни кишварҳо маҳсуб меёбад.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумора масъалаи раванди иҷрои қонуни афви маблағҳо ва дороиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар мусоҳиба бо Ҳоким Холиқзода раиси Бонки миллӣ баррасӣ кардааст.
Ба гуфтаи Ҳоким Холиқзода аз 30-юми августи соли 2021 то 31-уми декабри соли 2022 маблағи қонунигардонидашуда ду миллиарду 335,4 млн. сомониро ташкил додааст. Маълум гардид, ки аз ин маблағ 501,1 млн. сомонӣ амонати муҳлатнок, 904,6 млн. сомонӣ сармоягузорӣ ва 929,7 млн. сомонӣ ба самтҳои дигар рост меояд.
Раиси БМТ аз қонуни афви маблағ ва дороиҳо дар соли 2002 ёдовар шудааст, ки дар натиҷа татбиқи он ҳамагӣ 528 миллион сомонӣ қонунӣ гардонида шуд, ки ба 15,6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии он вақт баробар буд. Зиёда аз 80 фоизи ин маблағ бо доллари ИМА буда, дар он марҳила пасандози аҳолӣ зиёд гардид. Таъкид мешавад, ки муҳлати иҷрои қонуни афви маблағ ва дороиҳои шаҳрвандони Тоҷикисткон то моҳи июли соли 2023 тамдид шудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 1 феврал бо нашри матлабе натиҷаи фаъолияти лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд”-ро баррасӣ кардааст. Муаллиф навиштааст, ки аз роҳандозии ин лоиҳа 4 сол сипарӣ мешавад, аммо дарёфти маълумот аз мудирияти лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд” ғайриимкон аст.
Ба навиштаи муаллиф рақамҳои телефонии роҳбарияти лоиҳаи мазкур умуман кор намекунанд. Бо назардошти ин нашрия дар саҳфаи хеш унвонии мудирияти лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд” чанд саволро дар робита ба натиҷаҳои фаъолияи он матраҳ кардааст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре навиштааст, ки Теппаи Қурғон – яке аз муҳимтарин иншооти таърихии шаҳри Бохтар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Ба навиштаи муаллиф бо вуҷуди он ки нашрия чандин бор аз ҳолати ногувори ин ёдгории таърихӣ ҳушдор дода буд, аммо то кунун коре анҷом дода нашудааст. Комрон Гулов сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар дар сӯҳбат бо нашрия гуфтааст, ки имсол ҳам Теппаи Қурғон ба нақшаи иншооти сохташаванда шомил нашудааст.
Ба гуфтаи Комрон Гулов дар умум барои корҳои сохтмонии иншооти гуногун дар шаҳри Бохтар 8 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ин дар ҳолест, ки барои бозсозии Теппаи Қурғон беш аз 50 миллион сомонӣ зарур аст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 2 феврал дар мақолае масъалаи суръат ва нархи интернетро дар Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф ба далели суръати пасти интернет даромади ширкатҳои хадамоти алоқаи мобилӣ тайи солҳои охир 50 дарсад кам шудааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки соли 2022 ба далели қатъи интернет ширкатҳо 2 миллион доллар хисорот дидаанд.
Бо назардошти ин ҷиҳати беҳтар кардани сифат ва нархи интернет дар Тоҷикистон муаллиф пешниҳод кардааст, ки бояд сарбории андоз барои фароҳамкунандагони интернет дар кишвар кам карда шавад. Инчунин барои пешрафти соҳа зарур аст, ки дар бозори хадамоти интернетрасонӣ заминаи рақобати воқеӣ муҳайё карда шавад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”