Муаррифии Кодекси мадании нав дар Маҷлиси намояндагон

Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Кодекси мадании навро ба намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муаррифӣ намуданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба Радиои Тоҷикистон хабар дод, Кодекси нави мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2022 тасдиқ гардида буд ва аз 1 июли соли 2023 мавриди амал қарор мегирад. Зимни баррасии Кодекси мазкур намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода баромад намуда, иброз намуданд, ки ҳанӯз 26 апрели соли 2013дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ масъалаи дар таҳрири нав таҳия ва қабул намудани кодекси гражданӣ гузошта шуда буд. Аз соли 2013 бо мақсади иҷрои супориши роҳбари давлат гурӯҳҳои кории гуногун таъсис дода шуда, якчанд таҳрири лоиҳаи кодекси гражданӣ таҳия гардида буд.

Дар ин вақт амалияи беҳтарини танзими муносибатҳои маданӣ ва иқтисодии муосир таҳлил карда шуд. Бо вуҷуди ин, рушди босуръати иқтисодӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ зарурати вусъат бахшидани корҳо дар самти иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи кодекси навро тақозо менамуд. Ниҳоят,дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2019 гурӯҳи кории нав таъсис дода шуд, ки кори бисъёрсолаи вобаста ба таҳияи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамбаст намуд. 31 январи соли 2022 лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод шуд. Кодекси маданӣ ин санади меъёрии ҳуқуқии кодификатсияшудае мебошад, ки муносибатҳои ҳуқуқии маданиро ба танзим медарорад ва дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусӣ мавқеи хоса дорад. Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 8 фасл, 72 боб ва 1351 таҳия гардид, ки воқеан ҳам калонҳаҷм буда, муносибатҳои нави маданиро танзим, падида ва муқаррароти зиёди муосирро дар таҳрири нав пешбинӣ менамуд.

Ин воқеан ҳам зарурати ташкили корҳои маҷмўӣ дар самти омўзиш ва таҳлили лоиҳаи пешниҳодшударо тақозо намуд. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории салоҳиятдор бо иштироки кумитаҳои дахлдор, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Кумитаҳо ва сохторҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили лоиҳаи пешниҳодшуда теъдоди зиёди эроду пешниҳодҳоро барои баррасӣ манзур намудаанд. Гуруҳи корӣ ҳамаи пешниҳодҳои воридгардидаро таҳлил намуда, лоиҳаи Кодексро такмил намуд. Ба лоиҳа меъёрҳои нав ворид, қисме аз меъёрҳо таҷдид карда шуда, сохтори лоиҳаи Кодекс такмил дода шуд. Дар натиҷаи такмили сохтори лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикисион  ба он як фасл ва чор боби нав ворид карда шуда, он аз 1351 модда, 9 фасл ва 76 боб мураттаб гардид. Воқеияти мазкур зарурати дар хониши якум қабул намудани лоиҳаи Кодексро тақозо намуд. Қабули Кодекси маданӣ оғози марҳилаи нави фаъолияти субъектони ҳуқуқэҷодкунанда мебошад, зеро мутобиқ намудани қонунгузории амалкунанда ба талаботи Кодекси нав заҳмати зиёдеро тақозо дорад.

Дар назди иштирокчиёни чорабинии мазкур ҳамчунин Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, иҷрокунандаи вазифаи директори миссияи Юсаид дар Тоҷикистон Ҷеймс Перис, Роҳбари лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон, дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” Яле Барбара ва Мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бахтиёр Шамолиён баромад намуда, роҷеъ ба  дигар тағйиротҳо, аз ҷумла дар бораи муаян намудани шаклҳои гуногуни фаъолияти кишоварзӣ, инчунин фароҳам овардани ҳуқуқи истифодабарандагони давлатӣ ва хусусӣ ба қитъаҳои замин, ахборот доданд.

Нуралӣ Давлат

радиои “Тоҷикистон”