“Тоҷикстандарт”: Беш аз 880 ҳазор кг маҳсулоти пастсифат ба қайд гирифта шуд

Соли гузашта дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 887 932 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгу набуда ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора директори Агентии Стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумаи ҶТ Темурҷон Абдулваҳобзода зимни нишасти матбуотии ниҳоди хеш хабар дод.

Ба зикри мавсуф дар ин давра маҳсулоти ғайрихуроквории гуногун, аз ҷумла 8770 кг маводи шустушӯӣ, 581 дона фурузонаки каммасраф ва дигар молу маҳсулоти ғайриозуқа аз муомилот гирифта шуда, барои нобудсозӣ ё коркарди дубора пешниҳод гардилданд.

“Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолекунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, дар раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, вориду фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 2807 ҳолат, ба маблағи 693 612 сомонӣ ҷарима таъин гардида, маблағҳои мазкур ба буҷаи давлатӣ пардохт карда шудаанд”,-зикр намуд  Темурҷон Абдулваҳобзода.