Илҳомҷон Оймуҳаммадзода: Аз рӯйи 32 лоиҳа корҳои геологӣ идома дорад

Зерсохторҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ 16 миллиону 141 ҳазор сомонӣ аз рӯйи 32 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир ва нодирзаминӣ, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монд.

Дар ин бора сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ зикр дошта, илова намуд, ки дар соли сипаригардида корҳои шартномавӣ аз рӯи 207 лозим ба маблағи 27 миллиону 488 ҳазору 538 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 152 ҳазору 253 сомонӣ ба иҷро расонида шуд.

Баҳруллои МАҲМАДШАРИФ

радиои “Тоҷикистон”