Раҳим Санъат: 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд

Кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ нисбат ба шахсони масъули корхонаҳо барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеиро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд.

Дар ин бора Раҳим Санъат, сардори Хадамотиназорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод, маълумот дода, изофа намуд, ки аз ин ҳисоб ба маблағи 1212 632 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.

Ба иттилои ӯ дар давраи соли 2022 аз тарафи нозиротҳои Хадамот 40 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок ва 46 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Баҳруллои МАҲМАДШАРИФ

радиои “Тоҷикистон”