Тими ҷавонони Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон мусовӣ кард

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) зери роҳбарии мутахассиси белорусӣ Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Анталия бозии сеюми санҷиширо баргузор намуд.

Дастаи ҷавонони кишвар бо пешсафи дивизиони якуми Полша бошгоҳи ЛКС-и шахри Лодзи рақобати дӯстона анҷом дод. Рақобат миёни дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 26-ум рақобат Ҳамадонӣ Камолов кушод. Дар оғози қисми дуюм Петр Янчукович ҳисобро баробар кард.

Барои дастпарварони Олег Кубарев ин сеюмин бозии санҷишӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия ба ҳисоб меравад. Қаблан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолонаш аз Ироқ мусовӣ (0:0) карда, аз бошгоҳи Суперлигаи Ӯзбекистон «Бухоро» (1:3) шикаст хӯрд.