Дар асоси мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ дар соли 2022, 800 офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2021 91 ҳодиса зиёд мебошад. Дурустии пешгӯиҳои зуҳуроти хавфноки обуҳавосанҷӣ 74%-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 4,7% зиёд мебошад. Ин нуктаро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Баҳодур Шерализода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба таъкиди ӯ дар давраи ҳисоботӣ оид ба якбора баландшавии сатҳи оби дарёҳои ҷумҳурӣ ва эҳтимолияти бавуҷудоии обхезӣ 11 маротиба огоҳӣ дода шуд, ки дар 9 ҳолат якбора баландшавии оби дарёҳо ва бавуҷудоии обхезӣ ба қайд гирифта шуд. “Натиҷаи пешгӯиҳо нишон медиҳад, ки дурустии онҳо ба 82% баробар буда, нисбат ба соли 2021 4% зиёд мебошад. Дар Агентӣ айни ҳол 54 адад стансияҳои ҳавосанҷӣ ва 98 адад дидбонгоҳи обченкунӣ фаъол мебошанд. Дар соли гузашта 365 пешгӯиҳои шабонарӯзӣ тартиб дода шуд, ки дурустии онҳо 93%-ро ташкил медиҳанд”,-зикр дошт, Баҳодур Шерализода.