Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 имрӯз, 31-уми январ дар Туркия бозии санҷишии навбатӣ мегузаронад.
Ин навбат ҷавонони кишвар бо бошгоҳи футболи ЛКС-и Лодзи, ки пешсафи лигаи якуми Полша мебошад, рақобат мекунанд. Вохӯрии дастаҳо дар Маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ»-и шаҳри Сиде баргузор мешавад. Вақти баргузории ин бозӣ соати 18:00 ба вақти Душанбе гуфта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолонашон аз Ироқ мусовӣ (0:0) карда, аз бошгоҳи Суперлигаи Ӯзбекистон «Бухоро» (1:3) мағлуб гардида буд.