39 нафар омӯзгорон ва кормандони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба манзили истиқоматӣ ниёз доштанд аз ҳисоби бинои хобгоҳе, ки қаблан дар он донишҷӯён зиндагӣ мекарданд, баъд аз таъмири пурраи капиталӣ, хонаҳои истиқоматӣ тақсим карда шуд. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти хабарӣ баён кард.
Донишҷӯёне, ки дар шакли шартномавӣ таҳсил менамоянд ва дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро аз супоридани маблағи шартнома озод намоем, гуфт Қобилҷон Хушвахтзода Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.