БМТ: Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ зиёд шуда, қурби сомонӣ устувор гардид

Дар соли 2022 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар то 115,7 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он ба 8,0 фоиз баробар шудааст.

Ин нукта дар ҷаласаи ҷамъбастии Бонки миллии Тоҷикистон зикр гардидааст. Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур гуфта шуда, ки сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок қарор дошта, 4,2 фоизро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,8 банди фоизӣ кам мебошад.

Тавре Шуъбаи матбуоти БМТ медиҳад, дар моҳҳои январ-декабри соли гузашта қурби пули миллӣ нисбати асъорҳои озод табдилшаванда ва шарикони савдо устувор гардид. Тибқи ҳисобҳои эмпирикӣ дар давоми соли 2022 (декабр нисбат ба апрел) устуворшавии қурби расмии пули миллӣ нисбати асъорҳои озод табдилшаванда яке аз омилҳои асосии пешгирикунандаи сатҳи таваррум ба ҳисоб рафта, имкон фароҳам овард, ки сатҳи таваррум коҳиш дода шавад.