Дар Донишкадаи ҳарбӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Самтҳои афзалиятноки рушди илми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардидааст.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар медиҳад, кори конференсия дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешбурди фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу ба роҳ монда шуда, мақсад аз он, пеш аз ҳама омӯзиш ва баррасии таҳқиқи назариявӣ ва амалии самтҳои афзалиятноки рушди илми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва роҳҳои такмили он дар раванди омодагии ҳарбӣ-сиёсии ҷавонон мебошад.
Бобати муҳокима ва таҳлилу баррасии мавзӯи ба конференсияи навбатӣ пешбинишуда афсарони масъул аз раёсатҳои дахлдори Вазорати мудофиа, раёсатҳои навъи қӯшунӣ Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, намояндагони сохторҳои ҳарбиву қудратӣ, олимону муҳаққиқон аз мактабҳои олии низомии мамлакат ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ширкат доштанд.
Ҳамин тавр, иштирокчиёни конфренсия дар мавзӯъҳои “Нақши илми ҳарбӣ дар ташаккули давлатдории Тоҷикистони соҳибихтиёр ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба таҳдидҳо ва чолишҳои ҳарбӣ-сиёсии замони муосир, ташаккулёбии илми ҳарбӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар, аҳамияти илми ҳарбӣ дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва дигар мавзӯъҳои марбут ба кори конференсия, маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуда, ҳар яки онро бо музокира ва мубодилаи афкор байни ҳам муҳокима намуданд.
Дар ҳошияи баррасиву муҳокимаи мавзӯъҳои пешбинигардида ба конференсияи илмӣ-назариявии онрӯза қайд карда шуд, ки масъалаи илму маориф ва таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвар, мавриди таваҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро, мусалам аст, ки бунёди миллат аз илму маориф оғоз меёбад ва ғамхориву таваҷҷӯҳ нисбат ба ин қишри ҷомеа, ичунин сармоягузорӣ ба рушди нерӯйи инсонӣ ва ояндаи ободу озод мебошад.