Соҳибкорони тоҷику турк имкониятҳои сармоягузориро баррасӣ карданд

16 январи соли 2023 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара дар ҳамкорӣ бо Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Турия (DEIK) дар шаҳри Истанбул нишасти корӣ “Мизи мудаввари тиҷоратии Тоҷикистону Туркия” баргузор намуданд.

Тавре сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, зимни ҷаласаи мазкур ба беш аз 50 ширкатҳои тоҷикию туркӣ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардида, инчунин байни соҳибкорони ду кишвар вохуриҳои В2В ва мубоҳисаҳои доманадор сурат гирифт.