Бабри барфӣ асосан дар баландиҳои аз 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Ин навъи ҳайвон аслан дар экосистемаи табии резервати биосферии Ромит, Мамнуъгоҳи “Даштиҷум”, Зоркӯл, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Лахш ва Сангвор сукунат дорад.
Ба зикри мутахассисон саршумори паланги барфӣ дар солҳои 60-уми асри гузашта ба 1000 адад ва имрӯз бошад, ба 400 сар расидааст. Тибқи таҳлилҳои масъулин, сабаби асосии кам шудани теъдоди ин ҳайвон аз тағйир ёфтани иқлим, хоса дар баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар фасли тобистон ва шикори бемайлони он мебошад. Ҳукумати мамлакат баҳри ҳифзу ҳимояи бабри барфӣ ҳамеша тадбирҳои заруриро рӯйи кор меорад. Барои афроде, ки бе иҷозатнома ба шикори он даст мезананд, ҷарима ё то 5 сол зиндон ҷазо муқаррар гардидааст.
Бабри барфӣ асосан дар ҷойҳои салқин, аз ҷумла дар дараҳои амиқ, харсангҳо, нишебиҳои тез ва сангтӯдаҳо зисту зиндагонӣ мекунад. Тавре Абдурауф Юсупов, дотсенти кафедраи ихтиология ва физиологияи ҳайвоноти хонагии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон мегӯяд, “Бабри барфиро шерпаланг ҳам мегӯянд. Сабаби асосии яку якбора кам шудани теъдоди ин навъи ҷонвар аз шикори бемайлони он дар давраи Шуравӣ буд. Хушбахтона, пас аз соҳибистиқлол гардидани мамлакатамон бо пуштибонӣ аз Ҳукумати кишвар имрӯз саршумори он зиёд гардидааст”.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз миёни 230-давлате, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон мавқеъ доранд, ҳамагӣ дар 12 кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Афғонистон, Шоҳигарии Бутан, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Ӯзбекистон, Непал, Покистон ва Русия бабри барфӣ ба қайд гирифта шудааст, вале ин навъи ҷонвар, ки дар кишвари мо сукунат дорад, аз навъҳои бабри барфии мамлакатҳои дигар аз рӯйи панҷаҳои пояш ва доғҳои нисбатан калони дар баданаш буда фарқ мекунад. Ба зикри масъулин мавҷуд будани чунин ҳайвонҳо аз тоза будани муҳити экологии ҳамон кишвар гувоҳӣ медиҳад. Паланги барфӣ соли 1963 ба “Китоби сурх”-и ҷаҳонӣ ва соли 1988 ба “Китоби сурх”-и Тоҷикистон ворид карда шуд.
Адиб, нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ Маҷид Салим, ки тамоми осори насрияш ба ҳаёти ҳайвоноту наботот бахшида шудааст, аснои суҳбат афзуд, ки бабри барфӣ зиндагии бисёр оромонаро дӯст медорад. Ҳамзамон таъкид намуд, ки ин навъи ҷонвар дар ҳаёт муборизаи фаъол бурда, ҳамарӯза баҳри эмин мондан аз бемориҳо 70-100 км-ро тай менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки 70% паҳншавии бабри барфӣ асосан дар ҳудуди баландкӯҳҳои Бадахшон ба қайд гирифта шудааст. Дарозии бадани ин ҳайвон 120-130 см, аз ҷумла думи он 80-90 см ва баландии баданаш қариб 60 см-ро ташкил медиҳад.
Ба зикри адиб, нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ Маҷид Салим, бабри барфӣ ягона ҳайвонест, ки баҳри ҷамъоварии тӯъма ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ин ҷонвар муфтхӯриро бад мебинад. Аз ҳама муҳимаш он, ки ба фарзандаш аз хурдӣ роҳи шикор кардани тӯъмаро ёд медиҳад. Ба маълумоти ӯ, яке аз сабабҳои асосии кам шудани саршумори ин ҷонвари зебо тағйирёбии иқлим мебошад.
Паланги барфӣ ба он хотир баландкӯҳҳоро ихтиёр мекунад, ки он ҷо ҳавои оксиген камтар аст. “Хусусияти вижаи дигари бабри барфӣ дар он зоҳир меёбад, ки сайди асосии бабри барфӣ ҳайвоноту паррандагони лоғару бемор, аз қабили бузи кӯҳӣ, бузи пармашох, оҳу, суғур ва дигар инҳо мебошад. Ин ҷонвари ваҳшӣ, ки аз оилаи гурбашаклҳо мебошад, бо он мақсад чунин ҳайвонҳоро шикор карда, мехӯрад, ки бемориҳои сироятӣ дар табиат паҳн нашаванд ва ҳамзамон муҳити экологӣ тоза бошад”, гуфт, Абдурауф Юсупов, дотсенти кафедраи ихтиология ва физиологияи ҳайвоноти хонагии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон.
Маҷид Салим ҳамзамон иброз дошт, ки дар тамоми кишварҳои дунё мардум паланги барфиро ҳамчун ҳайвони муқаддас мешуморанд. Чун ин навъи ҷонвар безарар буда, ба одам ҳамла намекунад, балки аз пӯсти бадани он либосҳои хушсифат медӯзанд. Ӯ мегӯяд, ки бабри барфӣ ягона ҷонварест, ки аз дигар ҳайвонҳо бо ҳушмандӣ, ҷусту чолокӣ ва зиракиаш ба куллӣ фарқ мекунад.
Тавре ба мушоҳида мерасад, тайи солҳои охир сайёҳон аслан ба чунин мавзеъҳои дилписанди кишвар мароқ зоҳир кардаанд, ки дар он ҷо бабри барфӣ сукунат мекунад. Бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи экосистемаҳои кӯҳии мамлакат ба шумор рафта, барои ҳифз ва зиёд намудани теъдоди ин намуди ҳайвони нодир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони маркази солимгардонии ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз қабили бабри барфӣ идома дорад.
Барои сохтани маркази мазкур 10 гектар қитъаи замин дар мавзеи Ҷамантал ҷудо гардида, дар он корҳои сохтмонӣ аз аввали моҳи сентябри соли 2021 ҷараён гирифта, то имрӯз қисми зиёди кор ба анҷом расонида шудааст. Мақсади асосии сохтмони маркази солимгардонӣ, барқарор намудани саршумори паланги барфӣ ва табобат намудани онҳо ҳангоми беморӣ мебошад.
Хушбахтона, таваҷҷӯҳи доимии ҳукумати кишвар ба ин навъи ҷонвар имкон дод, ки саршумори бабри барфӣ дар ҷумҳурӣ зиёд гардад.
Комрони Абдувалӣ
радиои “Тоҷикистон”