Бозии дӯстонаи ПСЖ бо маъруфтарин бозингарони дастаҳои «Ал-Наср» ва «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ дар майдони сабзи «Шоҳ Фаҳд»-и Ар-Риёз баргузор мегардад, ки дар он Лионел Месси ва Криштиану Роналду баъд аз 3 сол боз дар муқобили ҳам қарор мегиранд.
Дидори ду ситораи футболи ҷаҳонӣ имшаб соати 22 бо вақти Душанбе сурат хоҳад гирифт, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони зиёд доранд.
Роналду аввалин бозии худро ба ҳайси сарбон ё капитани дастаҳои арабӣ маҳз дар ҳамин рақобати дӯстона доир хоҳад кард.
Бино ба иттилои расонаҳои варзишӣ, дар дидори имшаб, аз ҷониби дастаҳои Арабистони Саудӣ Роналду, Муҳаммад Овайсӣ, Алваро Гонсалес, Гислен Конан, Луис Густаво, Гонсало Мартинес, Андре Каррило, Матеус Перейра, Венсан Абубакар, Лучано Вието ва дигарон ба майдон меоянд.
Бояд гуфт, ки аксар бозингарони «Ал-Наср» ва «Ал-Ҳилол»-ро собиқ бозингарони топ-5 чемпионати аврупоӣ ташкил медиҳанд.
Дастаи парижӣ новобаста ба натиҷаи рақобат 10 миллион евро ба даст хоҳад овард. Рақобати собиқ ситораҳо бо ситораҳои кунунии ПСЖ-и Фаронса ҷолибу диданӣ хоҳад буд.