Дар штати Калифорнияи ИМА тӯфон ва обхезии шадид идома дорад. Бино ба гузориши Агентии иттилоотии Синхуа дар пайи офатҳои табиӣ 20 нафар ба ҳалокат расида, даҳо каси дигар захмӣ шуданд. Қаблан ҳавошиносон сокинонро дар бораи боришоти шадид ва обхезӣ ҳушдор дода буданд.
Обхезӣ аз рӯзи ҳаштуми январ ба амал омада, хисороти зиёд боқӣ газоштааст. Хадамоти ҳавошиносии Амрико хабар медиҳад, ки номусоидии вазъи ҳаво то чанд рӯзи дигар давом хоҳад ёфт. Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, дар натиҷаи обхезӣ садҳо истиқоматию маъмурӣ вайрон гардида, хатҳои интиқоли неруи барқу алоқа ва дарахтони зиёд решакан гардидаанд. Бино ба маълумоти Хадамоти миллии обуҳавошиносии ИМА, дар давоми 12 соат дар минтақаҳои гуногуни штати Калифорния то 20 см борон боридааст. Ҳоло дар штати Калифорния наздики 200 000 нафар ба қувваи барқ дасртарсӣ надоранд.
Агентии иттилоотии “Асошиейтед пресс” низ дар такя ба маълумоти Идораи миллии уқёнусҳо ва атмосфераи Амрико хабар додааст, ки тақрибан 90%-и сокинони штати Калифорния, тақрибан 34 миллион нафар зери хатари обхезӣ қарор доранд. Ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ оқибатҳои боришоту обхезӣ бартараф гардида, кормандони хадамоти наҷотдиҳӣ сокинони аз офати табиӣ зарардидаро ба ҷойҳои бехавф мекучонанд.
Дар робита ба боришоту обхезӣ дар чанд минтақаи штати Калифорния ҳолати фавқулода амал мекунад. Бояд гуфт, ки дар давоми як ҳафтаи охир дар штати Калифорния ду ҳодисаи марбут ба обу иқлим ба амал омад. Ёдовар мешавем, ки моҳи декабр низ штатҳои гуногуни Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро боришоти шадиди барф фаро гирифта буд, ки он боиси баста гардидани роҳҳои мошингард ва як қатор ташкилоту муасисаҳо гардид.
Инчунин дар пайи барфбод ва бурони барфӣ дарахтон решакан шуда, хатҳои интиқоли неруи барқ корношоям гардид. Беш аз 70 нафар ба ҳалокат расида, ҳазорҳо каси дигра зарар диданд. Дар ҳамин ҳол коршиносон бар он назаранд, ки сол то сол дар натиҷаи тағйирёбии глобалии иқлим паёмадҳои нохуш ба бор меоянд.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”