Дар сармои шадид чӣ гуна мебояд худро эҳтиёт кард? Тавсияҳои муфид

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, то 14-уми январ дар қисмати бештари қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво сард шуда, барфи шадид меборад.

Дар ин рӯзҳои сармои шадид тавсияҳои муфиди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳуриро бароятон хотиррасон мекунем, ки аз манфиат холӣ нахоҳанд буд.

Қоидаҳои бехатарӣ зидди сӯхтор:,

Бо фарорасии зимистон дар хонаҳои истиқоматӣ , магозахо, бинохои маьмури сӯхторҳо бештар рух медиҳанд. Сабаби аслии он риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар истифодаи системаи гармидиҳист. Аксари ин сӯхторҳо аз асбобҳои барқӣ рух медиҳанд. Барои он ки ин асбоб шуморо аз сардӣ ҳифз кунад ва боз ин ки сабаби сӯхтор нашавад, чанд қоидаи асосиро ёдовар мешавем, ки риояи он бидуни шак амнияти шумо ва атрофиёнатонро таъмин хоҳад кард:

– дар ёд дошта бошед, ҳар асбобу анҷоми барқӣ муҳлати истифодаи худро дорад, истифодаи бештар аз меъёри таъиншуда метавонад оқибати нохӯш дошта бошад;

– ба таври доимӣ асбобҳои барқиро санҷед, бахусус коромад будани розеткаҳо ва дигар қисмҳоро тафтиш кунед;

– ҳолати дастгоҳи гармидиҳандаро ҳамеша зери назорат дошта бошед, қисмҳое, ки аз кор баромадаанд, бе таъхир иваз кунед;

– аз дастгоҳҳое истифода кунед, ки бо усули саноатӣ сохта шудаанд, дар ягон холат асбобҳои харобшуда, аз корбаромада, дастсохтро истифода кардан мумкин нест;

– аз афзоиши шабакаҳои гармидиҳӣ худдорӣ кунед, дар сурати истифода аз чанд асбоби қавӣ ҳамзамон назорати қатъӣ баред;

– дастгоҳҳои барқии гармидиҳиро шабона даргирон намонед, онҳоро барои хушконидани сару либос истифода накунед;

– ба бачаҳо дар хобгоххо иҷозат надиҳед, ки бо асбобҳои барқӣ бозӣ кунанд;

– дастгоҳҳои барқиро дур аз пардаи тирезаҳо ва мебел гузоред;

– ба таври доимӣ асбобҳои барқиро аз чангу хок тоза кунед, чанг ҳам метавонад сабаби сӯхтор шавад;

– қисмҳои шабакаи барқиро аз зери қолинҳо нагузаронед, болои онҳо чизҳои вазнин, масалан мебелро нагузоред;

– нерӯи барқро сарфакорона истифода баред, бе зарурат асбобҳои барқии гармидиҳиро гирон накунед;

– ҳангоми боди сахт зери дарахтон, пояҳои сустниҳоди рекломҳо, симчӯбҳои интиқоли қувваи барқ наистед.

– дорухонаи мавчудаатонро нав кунед;

– ҳангоми ҳаракат хеле дур аз мошинҳои дигар ҳаракат кунед, то дар ҳоли зарурат тавонед мошини худро бехтар нигоҳ доред, бахусус дар роҳҳои лағжонак мушкилоти ҳаракат бештар аст;

– ҳаракатро шабонгаҳон маҳдуд кунед.

Дар ин рӯзҳо бидуни зарурати оҷил тавассути роҳҳои кӯҳистон ҳаракат накунед, вобаста ба вазъи обу ҳаво либоси гарм пӯшед ва қубурҳои бухориҳоятонро тоза кунед.