Рӯзи душанбе донорҳои байналмилалӣ барои наҷоти Покистон аз обхезиҳои харобиовар дар соли гузашта беш аз 9 миллиард доллар ҷудо карданд, ки ин аз ҳадафҳои маблағгузории берунии худ зиёдтар аст ва он метавонад роҳро барои ҷамъоварии маблағ барои мубориза бо офатҳои иқлимӣ дар кишварҳои фақиртар низ кушояд.
Бино ба гузориши агентии иттилоотии СНН, қаблан Исломобод барои пӯшонидани тақрибан нисфи лоиҳаи барқарорсозӣ ба маблағи 16,3 миллиард доллар маблағ хоста буд, аз ин рӯ намояндагони 40 кишвар, донорҳои хусусӣ ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ дар як нишаст дар Женева ҷамъ омаданд. Нишасти мазкур бо ташабуси Созмони Милали Муттаҳид ва ҳукумати Покистон баргузор гардидааст. Дар нишаст гуфта шудааст, ки беш аз 9 миллиард доллар аз шарикони дуҷониба ва бисёрҷониба ваъда шудааст.
Ба иттилои Вазири иттилооти Покистон Марриюм Аурангзеб аз ҷумлаи донорҳо Бонки Исломии Рушд (4,2 миллиард доллар), Бонки Ҷаҳонӣ (2 миллиард доллар), Арабистони Саудӣ (1 миллиард доллар), инчунин Иттиҳодияи Аврупо ва Чин буданд. Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида низ саҳм гузоштанд. “Имрӯз воқеан рӯзе буд, ки ба мо умеди бузург медиҳад” гуфт Ҳино Раббонӣ Хар, вазири умури хориҷии Покистон. “Ман фикр мекунам, ки паём аз ҷаҳон равшан аст: ҷаҳон дар канори онҳое хоҳад буд, ки ҳама гуна офати миллиро аз сар мегузаронанд.” Ачим Штайнер, мудири Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, натиҷаи конфронсро, ки ваъдаҳо аз ҳадафи Покистон бештар буданд, “хеле ғайриоддӣ” тавсиф карда, гуфт, ки ваъдаҳои донорҳо аксаран аз ҳадафҳо дур намемонанд.