Набарди аввалини Фариддун Одилов дар АСА баргузор мешавад

Фариддун Одилов ки охири декабри соли 2022 бо лигаи АСА шартнома баст, акнун разми аввалинашро дар ин лига сипарӣ мекунад.

Рақиби ӯ барои дебют дар “Absolute Championship Akhmat” размкори мағлубнопазир Элмар Гасанови рус мебошад. Набарди онҳоро лигаи АСА санаи 27 январ дар силсиламусобиқоти АСА 151 ҷой дод. Размкорон дар вазни нимасангин ба ҳам меоянд.

Фариддун Одилов бори охирин моҳи декабри соли 2021 дар ташкилоти Еаgle fc набард анҷом дода буд.

Тӯли фаъолияти касбиаш дар ММА Одилов 16 набард анҷом дода дар 12-тоаш ғолиб дар 2-тоаш мағлуб ва дар 2-и дигараш мусовӣ кардааст.

Қаблан Фариддун Одилов дар ташкилотҳои овозадори WFCA, Fight nights Global, Gorilla Fighting Championship ва Eagle FC ҳунарнамоӣ намудааст.
Ба ӯ муҳорибаи бе ҷарроҳат ва албатта пирӯзӣ мехоҳем!