Бар асари барфбод ва яхбандӣ дар Қазоқистон ҳудуди 130 қитъаи роҳҳо баста шудааст.Тавре расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба маълумоти вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар медиҳанд, барои рафъи ҳолати пешомада дар роҳҳо ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст.
Дар қитъаҳои басташудаи роҳҳо 838 нуқтаи гармидиҳии муваққатӣ таъсис дада шуда, 87 адад техникаи соҳавӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад. Дар маҷмуъ ҳудуди 1000 нафар ва 600 техника аз бахшҳои гуногун ба кор ҷалб шудаанд. Масъулони мақомоти марбута иброз медоранд, ки дар давоми рӯз гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ зиёда аз 690 нафарро дар вилоятҳои Ҷамбул, Туркистон, Қӯстанай, Қарағанда ва Абай аз роҳҳо додаанд.