Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар такя ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар додааст, ки 5 –уми январи соли равон соати 19:25 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази зилзила 256 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон буд.
Қувваи зилзила дар маркази он 5 балл, дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.