Давоми се соли ахир сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Хуросон-Бохтар, ки се марҳиларо дарбар мегирифт, дар ду марҳила – аз Душанбе то гардиши Қизилқалъа сохтмони 73 километр ба анҷом расидааст ва роҳ дар ду самт ба дараҷаи 1 “б” мансуб мебошад.
Ҳоло сохтмони роҳ дар марҳилаи сеюми роҳи автомобилгард–аз Қизилқалъа то Бохтар ба дарозии 9,2 километр идома дорад. Ба иттилои Музаффар Холиқов, сармуҳандиси Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар сохтмони роҳи қитъаи мазкур аз тарафи давлати Ҷопон тариқи гарант (кумаки бебозгашт) идома дошта, маблағи сохтмон 30 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барқарорсозии роҳ аз дараҷаи 3 ба дараҷаи 1б бо паҳноии 14 метр, роҳи пиёдагард 7 ҷой, истгоҳи автобус 8 адад, чароғаки роҳнамо 2 ҷой ва равшаннамоӣ дар масоҳати 4 километр бо ду самти ҳаракат сохта мешавад ва сохтмон соли 2021 оғоз гашта, моҳи марти соли 2023 ба пуррагӣ анҷом меёбад.
Дар сохтмони мазкур 390 нафар фаъолият доранд, ки аз ин 367 нафар коргарони маҳаллӣ ва 23 нафар хориҷӣ мебошанд. Техникаҳои роҳсозӣ ва нақлиётҳои боркаш дар қитъаи мазкур 100 ададро ташкил медиҳанд. Сохтмони роҳи мазкур тибқи нақша ҷараён дошта, то имрӯз 75% фисади корҳо ба анҷом расидааст. Дар роҳи мошингарди байналмилаллии Душанбе – Бохтар байни роҳ пурра бо деворҳои ҳимоявӣ ҷудо карда шуда, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад. Ҳоло марҳилаи охири сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар ва марҳилаи аввали сохтмони роҳи Бохтар-Данғара мебошад.
Ҳамчунин тибқи иттилои Музаффар Холиқов сохтмони роҳи Бохтар-Данғара низ се марҳиларо дар бар мегирад. Дар ин марҳилаҳо аз “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” то километри 9,7 (чорроҳаи шаҳри Левакант), аз километри 9,7 (шаҳри Левакант) то километри 40-ум (мавзеи Оғмазор) ва марҳилаи дигар аз мавзеи Оқмазор то километри 68,7 (буриши роҳи автомобилгарди Данғара-Кӯлоб) мебошад. Ҳоло аз километри 40-ум (мавзеи Оқмазор) то километри 68,7 (буриши роҳи автомобилгарди Данғара Кӯлоб) аз моҳи майи соли 2022 корҳо идома доранд ва роҳи мазкур ба дараҷаи 3 мансуб хоҳад гашт. Дар марҳилаи сохтмони мазкур, ки айни замон идома дорад 168 коргар ва 100 техника фаъолият дошта, корҳои сохтмонии ин марҳила то моҳи ноябри соли 2023 ба анҷом хоҳад расид.
Акрамов М.
радиои “Тоҷикисотон”