Дар доираи Амалиёти «Мактаби ман!», ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар бо мақсади ҷалби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баҳри бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдоштаи муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ гардидааст, дар вилояти Хатлон иқдомҳои наҷиб амалӣ гардида истодаанд. Лозим ба зикр аст, ки амалиёти мазкур дар се моҳ як маротиба дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳудуди вилоят доир мегардад.
Ҳайдар Сафаров, хатмкардаи мактаби рақами 15, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бохтар мебошад, ки дар доираи ин ташаббус баҳри ободии муассисаи хатмкардаи худ иқдомҳои назаррасеро пеш гирифтааст.
Номбурда солҳои 1986-1996 дар муассисаи мазкур таҳсил кардааст. Ба андешаи ӯ ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” ба ӯ раҳнамое шуд, то ки дар ободии муассисаи хатмкардааш як андоза кумаке бикунад. Дар марҳилаи аввал зиёда аз 300 метр деворҳои гирду атрофи мактабро, ки фарсудаю рехта буданд, бо таҳкурсии устувор азнавсозӣ кардааст. Зимнан, дар марҳилаи дуюм барои муассиса як иншооти гигиенӣ (ҳоҷатхона) ба малағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ бунёд намуда истодааст. Оянда, яъне дар марҳилаи сеюм тасмим дорад, ки дар назди муассисаи мазкур то таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатӣ 4 синфхонаи иловагӣ бунёд намояд ва агар боз дигар хатмкардагони мактаб кумак кунанд, шояд шумораи синфхонаҳоро ба 8 адад расонанд.
“Мактаби ман” ташаббуси саривақтӣ аст ва ҳамагон медонем, ки роҳбари ин ҳизб, Пешвои муаззами миллат маорифпарваранд. Ҳадафи ҳизб аз амалӣ намудани ин ташаббус ояндаи дурахшони фарзандони мо мебошад. Моро мебояд, ки дар атрофи Роҳбари ҳизб муттаҳид бошем ва чунин ташаббусҳои некро дастгирӣ кунем. Аз ҷониби дигар мардум бояд огаҳ бошанд, ки садақаи ҷория мактабу боғча бунёд кардан, роҳу пул сохтану обёрӣ намудан аст ва мову шумо агар аз дунё ҳам гузаштем ин корҳои неки мо дар фикру ёду забони мардум боқӣ мемонад. Мақсади мо ҳамин аст, ки бояд як некие барои мардум карда тавонем. Мо бояд пайравӣ ба Роҳбари давлати худ намоем,” – мегӯяд Ҳайдар Сафаров.
Ҳадаф аз ин ташаббуси ҳизбӣ он аст, ки барои фарзандон шароити беҳтари таҳсил фароҳам оварем, зеро бо афзудани шумораи аҳолӣ зарурати бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва дигар иншооти соҳа, ҳамчунин таъмини таҷҳизоти зарурии таълиму тарбия пеш меояд.
М. Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”