Левакант. “Тоҷиказот” кай ба фаъолият оғоз мекунад?

Корхонаҳои саноатӣ дар 11 моҳи соли гузашта ба маблағи 235 миллиону 132 ҳазору 200 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 беш аз 54 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Давоми соли сипаришуда 3 коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсолии оби ҷав бо тавоноии  15 ҳазор литр дар як шабонарӯз ва коргоҳи истеҳсолии афшураи меваю сабзавот бо тавоноии 10 ҳазор литр дар як шабонарӯз ва корхонаи хишти пӯхта бо тавоноии 30 миллион дона дар 1 сол мавриди истифода қарор гирифта, айни замон фаъолият доранд“, – мегӯяд? Олимҷон Шералиев, мутахассиси пешбари бахши саноату манзилии мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии шаҳри Левакант.

Ба иттилои Олимҷон Шералиев давоми соли сипаришуда дар ҳудуди шаҳр 2 корхонаи коркарди пахта ба фаъолият оғоз кардааст, ки ҶДММ “Самари Сунатулло” ва ҶДММ “Зафарбой” мебошанд. Ҳамчунин коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр бо муассисаҳои таълимӣ ба андозаи 30 ҳазор адад либосҳои мактабӣ шартнома баста, то ин давра 30 ҳазору 384 либоси мактабӣ омода кардаанд, ки 101,3 %-ро ташкил медиҳад.

  – Дар деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳр маркази ҳунаромӯзии адрасу атласбофии “Шоҳзамон” бо роҳбарии соҳибкорзан Файзия Фозилова фаъолият дошта, 6 нафар занону духтарони маҳал бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд, ки то имрӯз 1 ҳазору 840 метр атласу адрас бофтаанд, – иброз дошт Олимҷон Шералиев.  

Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди шаҳр 26 коронаҳои саноатӣ ба бақайд гирифта шудаанд, ки баъзеи онҳо бо сабабҳои гуногун фаъолият намекунанд, вале дар соли 2023 ният доранд, ки фаъолияти онҳо низ таъмин шавад.

Дар арафаи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ боз якчанд корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки яке аз онҳо ҶСК “Тоҷик-азот” мебошад.  

Ба иттилои мусоҳиби мо корхонаи азими “Тоҷиказот” айни замон дар таҷдиду барқарорсозӣ қарор дорад ва омили ба таъхир гузоштани фаъолияташ набудани гази табиӣ мебошад. Ояндаи назик ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард, яъне бо ворид шудани гази табиӣ аз давлати ҳамсоя. Дар ин корхона мутахассисони пеш фаъолиятмекарда ва коргарони нав ба кор ҷалб карда шудаанд, ки ин барои беҳтар роҳандозӣ намудани сатҳи фаъолияти  корхона муфид мебошад. Зиёда аз 700 нафар дар ҶСК “Тоҷик-азот” айни ҳол ба кор ҷалб карда шудаанд ва дар ҳолати ба кор оғоз кардани корхона ҳудуди 1,5 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.

                                                                                                               Маҳмадалӣ Акрамов

                                                                                                       радиои “Тоҷикистон”