Дар соли 2022 дар ҳудуди вилоят 767 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта, 13 (сенздаҳ) ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табии дошта ба қайд гирифта шудааст. Маблагӣ умумии зарари расонидашуда бар асари офатҳои табиӣ дар соли 2022 7 миллиону 644 ҳазору 371 сомониро ташкил медиҳад.
Дар бора зимни ҷамъбастии фаъолияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дода шудааст.
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа зикр шудааст, ки ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Панжакент, Исфара, Ашт, Б.Ғафуров, Деваштич, Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ рух додааст.