Аз сайёҳон дар Испания хоҳиш карда мешавад, ки асъори евроро тафтиш кунанд, то ба доми қалобон наафтанд, зеро дар ин кишвар пули қалбакӣ ба бозори муомилот роҳ ёфтааст. Дар ин бора сомонаи Экспреси Испания хабар нашр кардааст. Бино ба навиштаи манбаъ, пулиси ин давлат ошкор кардааст, ки дар кишвар пулҳои қалбакӣ мавҷуданд: пулҳои коғазӣ воқеан ба назар мерасанд, аммо дар асл онҳо барои истифода дар филмҳо аз ҷониби коргардонҳо пешбинӣ шудаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳушдор додаанд, ки ҳамаи сайёҳони Испания ҳатман пулҳои худро дубора аз назар гузаронанд. Гуфта мешавад, ки ду гурӯҳ иборат аз 10 нафар, ки қалобон буданд дастгир карда шуданд. Гумон меравад, ки 100,000 еврои қалбакӣ дар бозорҳои Испания ба муомилот роҳ ёфтааст. Масъулини дахлдори Испания гуфтаанд, ки аслан ин пулҳои қалбакӣ ҳангоми сабти филмҳо истифода мешаванд ва айни ҳол бо кадом роҳе ба бозорҳои ин кишвар роҳ ёфтаанд.
Саъдӣ Ғоибов
масъули бахши хабар