ФУТБОЛ. Дастаҳои «Арал», «Шоҳин» ва «Барқ» дар даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон бар ҳарифон ғолиб омаданд

 

 

 

 

 

 

 

 

11 август дар варзишгоҳҳои мамлакат чор бозии даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон хеле ҷолиб  баргузор шуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба  мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон  хабар доданд.

Бозии марказии ин давр рақобат миёни дастаҳои футболи «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритуз ва «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба шумор мерафт. Рақобати ин ду даста пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт. Дар бозии дигари ин давр дастаи футболи  «Мунк»-и ноҳияи Ховалинг дар майдони худ аз дастаи «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод бо ҳисоби 3:2 мағлуб гашт.

Дар бозиҳои дигари  даври мазкур   дастаи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ин давр бо дастаи  «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ анҷом дод. Рақобати ин  дастаҳо хеле ҷолиб баргузор гашта, бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид. Ҳамчунин бозии  дастаҳои футболи  «Сурхоб»-и ноҳияи Темурмалик ва «Барқ»-и шаҳри Норак бо ҳисоби 1:3 ба суди бозингарони  дастаи «Барқ»-и  Норак ҷамъбаст шуд.

Имрӯз, 12 август, се бозии дигар байни дастаҳои футболи «Кӯшон» — «Бешкент», «Сарбанд» — «Вахши зарнисор», «Сарҳадчӣ» — «Терай» доир мегардад.

Даври 5-ум, 11 августи соли 2020

«Чашма» — «Арал» 1:2

«Мунк» — «Шоҳин»  2:3

«Дӯстӣ»- «Пахтакор» 2:2

«Сурхоб» — «Барқ» 1:3

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *