Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс сазовори медали биринҷӣ гардиданд

Дар рӯзи 10-уми Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Аммони кишвари Урдун – баргузор гардид, Баҳодур Усмонов (- 63,5кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) аз Тоҷикистон дар марҳилаи нимниҳоӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Дар аввал Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) дар даври нимниҳоии Чемпионати Осиё оид ба бокс бо Қамчибек Конкабоев аз Қазоқистон нерӯсанҷӣ кард. Дар ин рақобат варзишгари қазоқ нисбат ба Муҳаммад дида, ҳунарнамоии беҳтар нишон дод ва бештари имтиёзҳоро соҳиб шуд. Ҳамин тавр, Муҳаммад Аброриддинов бо ҳисоби 0:5 аз Қамчибек мағлуб шуд ва соҳиби нишони биринҷии Чемпионати Осиё гардид. Конкабоев бошад, ба финали мусобиқа роҳ ёфт.

Лозим ба ёдоварист, ки Муҳаммад Аброриддинов сабқатро аз даври 1/4 финал оғоз карда, бар намояндаи Сурия Муҳаммад Млайес пирӯз гардида буд.

Муштзани дигари кишвар мо дар ин мусобиқа – Баҳодур Усмонов зери вазни то 63,5кг натавонист, ки ба финали Чемпионати Осиё оид ба бокс роҳ ёбад. Ӯ дар даври нимниҳоӣ аз Шива Тҳапа аз Ҳиндустон бо ҳисоби 4:1 шикаст хӯрд. Ҳамин тавр Баҳодур пас аз шикаст дар даври нимниҳоӣ медали биринҷиро ба даст овард.

Баҳодур Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Қувайт Нодир Бадрон, дар даври дуюм бар намояндаи Тайланд Сомчай Вонгсуван, дар 1/4 финал бар варзишгари Туркманистон Хурсанд Имонқулиев пирӯз гардида буд.

Боқимонда 8-муштзани дигари кишвар Абдумалик Болтаев (75кг), Хусравхон Раҳимов (57кг), Шаббос Негматуллоев (-80кг), Наврӯз Ҷафоев (-86кг), Давлат Болтаев (-92кг), Шоира Зулқайнарова (-60кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг) дар рақобатҳо шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб гардиданд.