Имрӯз, 11-ноябри соли 2022 Раиси Маҷлиси vиллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин», ғолиби мусобиқаи GRAND SLAM BAKU 2022″ Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаев — дастпарвари «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе, ҷоизадори медали нуқраи мусобиқаи мазкурро ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ варзишгаронро барои ба даст овардани медалҳои тилло ва нуқра дар «GRAND SLAM BAKU 2022» ва парафшон кардани парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳният гуфтанд.
Ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, ба Темур Раҳимов калиди хонаи 2-ҳуҷрагӣ бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт ва ба Муллораҷаб Халифаев 100 000-сомонӣ тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки «GRAND SLAM BAKU 2022» аз 4-ум то 6-уми ноябри соли равон дар пойтахти Озарбрйҷон шаҳри Боку оид ба гуштини ҷудо баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа варзишгарони зиёда аз 60-кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Дар ин мусобиқаи бонуфузи сатҳи олӣ, варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов медали тилло ва Муллораҷаб Халифаев медали нуқраро соҳиб гардиданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгарон барои омодагӣ дидан ба мусобиқаҳои оянда дастурҳо дода, ба онҳо барору музаффарият таманно карданд ва иброз намуданд, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами Миллат қарор доранд.