Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 нахустин маротиба дар мамлакат 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шуд. Он ҳар сол бо фарогирии барномаҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.
Дар баробари 83 рӯзи ид, ки тибқи қонуни болозикр муайян гардидаанд, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоссаи таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ дорад. Дар ин рӯз (16 ноябри соли 1994) баъди дар интихоботи умумихалқӣ пирӯз гаштан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 21-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум тантанавор савганд ёд карда, ба сифати Президенти ҷумҳурӣ фаъолияти худро оғоз намуданд. Санаи мазкур воқеан рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба шумор рафта, халқи Тоҷикистон онро ҳамчун Рӯзи Президент ботантана таҷлил менамояд.
Дар таҷрибаи байналмилалӣ ҷашн гирифтани «Рӯзи Президент» ё «Сарвари давлат» ба ҳукми анъана даромада, дар давлатҳои пешрафтаи дунё низ таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла, дар Қазоқистон 1 декабр Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад.
Дар ИМА душанбеи сеюми моҳи феврал рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз дар кишвар Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Ин ид аз соли 1885 инҷониб бахшида ба Президенти нахустини ИМА – Ҷорҷ Вашингтон таҷлил карда мешавад.
Дар Исландия Рӯзи Президент 14 май ҷашн гирифта мешавад. Иди мазкур ба рӯзи таваллуди Президенти панҷум- Олавур Рагнар Гримссон бахшида шудааст. Дар ин рӯз дар Исландия парчами давлатӣ бардошта шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ бо сайругашти оммавӣ доир карда мешаванд.
Таҷрибаи байналмилалии баргузории Рӯзи Президент собит менамояд, ки муқаррар намудани ин ҷашн аз корнамоиҳои шахсиятҳои таърихӣ ва сиёсӣ, ки ба бунёди низоми давлатдорӣ ва эҳёи ниҳоди президентӣ замина гузоштаанд, ташаккул ёфтааст.
Баргузории Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дошта, дар бунёди ниҳоди президентӣ ва ба ин васила дар ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ гузоштааст.
Бояд зикр намуд, ки таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва далели шинохти ниҳодҳои давлативу сиёсии кишвари демократӣ мебошад.
Ба вуҷуд омадан ва инкишофи ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳо ва ғояҳои сиёсиву ҳуқуқии худро дар таҷриба ҳанӯз аз даврони мавҷудияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтааст. Дар Эъломияи истиқлолият аз 24 августи соли 1990 эълон гардид, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад, ки чунин муқаррарот ба таъсиси мансаби Президент дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон заминаи ташкиливу ҳуқуқӣ гузошт.
Дар умум метавон иброз намуд, ки асосҳо ва заминаҳои таҳлилии санадҳои болозикр аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки бунёди давлати навини тоҷикон бо қаҳрамониҳои таърихиву сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Маҳсули заҳматҳои шоистаи Пешвои миллат дар он аст, ки кишвари мо дар масири 31 соли Истиқлолияти давлатӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид. Дар ин раванд қонунгузории миллии худро бунёд намуд, низоми самараноки мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо мустаҳкам карда шуд.
Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар рушди ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар давлатдории навини Тоҷикистон барои поягузорӣ намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва якдиливу заминагузории ормонҳои наслҳои минбаъдаи халқу миллати тоҷик нақши меҳвариро маҳз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро кардааст.
Баргузории ин иҷлосияи таърихӣ ва қарорҳои тақдирсози он маҳз дар амалӣ гардидани бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори комили истиқлолияти давлатӣ, рушди ниҳоди президентӣ ва гузариш ба низоми идоракунии президентӣ дар мамлакат заминаи воқеӣ гузоштанд. Иҷлосия ҳадафҳо ва самтҳои стратегии рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистонро эълон кард.
Баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ба заминаҳои мусоиди интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва қабули қонуну санадҳои меъёрии тақдирсоз асос гузошт. Муҳимтарин дастоварди бузурги ин иҷлосия- интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номуси миллат, шахси далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва дорои ҳувияти баланди миллӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 масъалаи муҳим дар бахши ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, 74 қонуну қарор ва фармон ба тасвиб расида, дар фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо гузоштанд. Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ замина гузоштанд.
Дар иҷлосия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфи умум, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст додаанд, қабул карда шуданд.
Ба шарофати иҷлосия минбаъд дар ҷумҳурӣ парламенти касбӣ ба вуҷуд омад. Фаъолияти пурсамари Иҷлосияи таърихӣ бо қабули қонунҳо ва қарорҳои воқеъбинона ба фаъолияти минбаъдаи мақомоти қонунгузории мамлакат дар солҳои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ҷиҳати таҳкими асоси иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат заминаи боэътимод гузошт.
Бояд тазаккур дод, ки арзишҳое, чун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, иҷтимоӣ, соҳибихтиёр, ҷумҳурии президентӣ, дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, низоми сиёсии бисёрҳизбӣ, парламентаризм, мустақилияти ҳокимияти судӣ, худидораи маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар замони шӯравӣ ҷой надоштанд, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ шакл гирифта, ин иҷлосия ҳамчун нуқтаи гардиш дар ҳаёти сиёсӣ дар пайдоиш ва ташаккули ин арзишҳо нақши бунёдӣ ва ҳалкунанда бозид.
Ҳамин тавр, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, аз тарафи дигар, риояи принсипҳо ва талаботи пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ чун ҳадафҳои стратегӣ ва самти муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон гардиданд.
Маҳз аз нахустин қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини воқеии волоияти қонун, пойдории қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар маҷмӯъ созгории сиёсати ҳуқуқӣ вобастагии калон дошт, ки чунин тадбирҳо тавонистанд заминаи таъмини ҳаёти осудаҳолонаи одамон, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ, гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа гарданд.
Дар ин Иҷлосияи таърихӣ давлати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуд, ки ҷонибдори роҳи қонунии инкишофи минбаъдаи ҷомеа, арзишҳои волои ҳуқуқӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн бо ҳамаи кишварҳои олам дар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Ин иқдоми неки роҳбарияти давлати Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Сарвари тозаинтихоби он Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ, парламентҳо, мақомоти дигари давлатҳои олам ва созмонҳои байналмилалӣ мақбул дониста шуд.
Дар маҷмӯъ, метавон зикр намуд, ки иҷлосияи мазкур дар рушди ниҳоди президентӣ ва сохти идоракунии самараноку пазируфташуда мусоидати амиқ намуда, минбаъд дар таъмину таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, бунёди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, ки дар меҳвари он талошҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат мавқеи асосӣ касб менамоянд, нақши аввалиндараҷа дорад.
Ташаккул ва рушди падидаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди президентӣ падидаи нави сиёсиву ҳуқуқӣ мебошад, ки дар он Президент — сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия эътироф гардидааст. Бинобар ин вожаи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мафҳуми сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия омада, ба шакли классикии ин ниҳод мувофиқ мебошад.
Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон тибқи моддаи 1 Қонун «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти РСС Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ»-ро 29 ноябри соли 1990 қабул кард ва мувофиқи он вазифаи Президенти РСС Тоҷикистон таъсис дода шуда, ӯро сарвари ҷумҳурӣ эълон намуд.
Имрӯз мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад» ва дар моддаи 100 «шакли идораи ҷумҳурӣ тағйирнопазир аст», муқаррар гардидааст. Чунин муқаррарот дар сатҳи Конститутсия аз вобастагии амиқи низоми идоракунии давлатӣ ба шакли идораи президенӣ ва рушди минбаъдаи он асос мегирад.
Ҷиҳати таҳкими низоми идоракунии президентӣ ва тақвияти ниҳоди президентӣ дар кишвар заминаҳои муайяни ҳуқуқӣ гузошта шудаанд. Аз ҷумла, қабули санадҳои қонунгузории зерин бобати тақвияти андешаҳои болозикр мусоидат намудаанд:
– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июли соли 1994, №1042;
– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 ноябри соли 2016, №1357;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2006, №192;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 ноябри соли 2006, №205.
Дар маҷмӯъ, хулоса намудан мумкин аст, ки идоракунии шакли президентӣ ба мо барои вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар инсон мусоидат намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили истиқлолияти миллӣ ва пойдориву бардавомии давлат
Дар асоси муқаррароти моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни устувори рукнҳои давлатӣ – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ буда, ҳамчун кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори мақомоти марказии иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ карда, ҳамзамон вазифаҳои онҳоро дақиқан муқаррар менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳдид ба ин арзишҳои конститутсионӣ тамоми тадбирҳо ва имконияти сиёсиву ҳуқуқиро меандешанд, то ки кафолати онҳо таъмин карда шавад.
Мояи сарфарозист, ки мо дар арафаи таҷлили ҷашни шукӯҳманди Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳанӯз 28 сол муқаддам, 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расман шурӯъ кардан ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, ваъда дода буданд, ки тамоми кӯшишу ҳастии хешро ба сарсабзию хуррамӣ ва пешрафти давлату миллати тоҷик равон хоҳанд кард. Гузашти солҳо собитқадамона исбот намуд, ки ҳар он чизеро, ки Сарвари давлат ба миллати хеш ваъда карда буданд, фарохтар ва бештар аз он иҷро намуданд. Офарин ба як фарзанди миллат, ки ба нафъи пешрафти давлату миллати хеш ин қадар корҳои бузургу амалҳои таърихӣ анҷом медиҳанд. Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, миллати шарафманди тоҷик ва Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, омили муҳимми иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии халқи тоҷик мебошад. Дар асл таърих гувоҳ аст ва инсоният шоҳид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳилҳои мурод расонад.
Аз ин рӯ, бо камоли эҳтиром таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу сарбаландӣ, саодатмандию пирӯзӣ, хушҳоливу хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту инкишоф орзумандам.
Пас биёед ҳамдиёрони азиз, дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ дар атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Тоҷикистони азиз, миллати тамаддунофар ва Сарвари маҳбуби давлат барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқонаву софдилона хизмат намоем.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Бознашр аз АМИТ «Ховар»