“Тоҷикистон”: – Фаъолияти мақомоти милитсия кафили оромии ҷомеа аст (Шарҳи матбуот)

Акс аз интернет

Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, солгарди Рӯзи кормандони милитсияи тоҷик, вокунишҳо ба гузориши радиои “Озодӣ” дар мавриди муҷассамаи модар дар шаҳри Кӯлоб ва болоравии нархи тухми мурғ дар бозорҳо аз мавзӯҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 10 ноябр мақолае бо номи “Тоҷикистон. Ҳифзи арзишҳои экологӣ аз арзишҳои меҳварии давлатдорист” чоп карда, менависад, ки мушкилоти экологӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданию маводи озуқаворӣ, хушксолӣ, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, афзоиши шумораи офатҳои табиӣ, нобудшавии гуногунии биологӣ, ҷамъшавии партовҳо, таназзулёбии замин ва ғайра дар ҷаҳон нигаронии ҷиддиро ба бор оварда истодааст.

Ба гуфтаи муаллиф Пешвои миллат тавонистанд, ки миллату халқиятҳои гуногунро баҳри ҳалли ин мушкилот муттаҳид созанд, аз тарафи дигар, арзишҳои фарҳанги экологии халқи тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ тарғиб намоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ стратегия, консепсия ва барномаҳои давлатию соҳавиро, қабул намуда, инчунин Тоҷикистон чун кишвари мустақил ба 10 конвенсияи байналмилалии соҳаи муҳити зист шомил мебошад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 10 ноябр бо нашри матлабе аз ҳолатҳои зиёди танбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ намуда, хостори ислоҳи ин вазъият шудааст. Ба навиштаи муаллиф аз наздикии бинои театри вилоятӣ сар карда, то бинои мақомоти вилоят ду тарафи кӯчаи марказӣ дар давоми рӯз ба таваққуфгоҳи мошинҳои кормандони идораву муассисаҳои атроф табдил ёфтааст, ки ин ҳам ба ҳаракати нақлиёт дар ин масири роҳ халал мерасонад.

Муаллиф дар идома менависад, ки дар сероҳаи маҳаллаи Бойни бошад, дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам аз тарафи ронандагон ва ҳам пиёдагардон ба ҳукми анъана даромада, дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр бошад, роҳ барои пиёдагардҳо тамоман аз байн рафтааст.

Инчунин муаллиф шикоят аз он кардааст, ки дар хатсайрҳои шаҳри Хоруғ хизматрасонии нақлиёт баъди нисфирӯзӣ коҳиш ёфта, баъди соатҳои 17-18 тамоман қатъ мегардад, ки ин ҳолат боиси ба мушкилот дучор омадани мусофирон мешавад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 9 ноябр ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил карда мешавад, мақолае таҳти унвони “Иди касбӣ: Милитсия — ҳомии ҷомеа” нашр кардааст. Муаллифи мақола Бароталӣ Ҳамидзода, генерал-майори милитсия, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе зикр кардааст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар пойтахт 2843 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 3,5 % зиёд мебошад. Омилҳои афзоиши шумораи ҷиноятҳо аз як сӯ беҳтар шудани низоми баҳисобгирӣ ва аз тарафи дигар пурзӯр гардидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти ошкоркунии ҷиноятҳо арзёбӣ шудааст. 

Дар баробари ин ба навиштаи генерал Бароталӣ Ҳамидзода дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон 94 ҷиноят содир шудааст, ки нисбати соли гузашта 30,8% коҳиш ёфтааст. Зикр мешавад, ки дар ин муддат таваҷҷуҳи асосӣ ба пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошии ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард равона гардидааст. Ба хулосаи муаллиф таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кормандони мақомоти милитсия дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи молу мулки шаҳрвандон ва оромии ҷомеа ба савганди худ содиқ ҳастанд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки 9-уми ноябр дар Тоҷикистон санҷиши ғайринавбатии мудирони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид. Санҷиши мазкур бо супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм то 30-юми декабр гузаронида мешавад.

Дар ин хабар таъкид мешавад, ки донистани 400 калима бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм омода шудаанд, яке аз шартҳои асосии аттестатсияи раҳбарони мактабҳои таҳсилоти миёна мебошад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 10 ноябр дар матлабе масъалаи афзоиши нархи тухми мурғ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф дар муқоиса бо аввали сол нархи тухм дар Душанбе 65% ва минтақаҳо — қариб 100% боло рафтааст.

Дар ин мақола зикр мешавад, ки истеҳсолкунандагон яке аз сабабҳои болоравии нархи тухми мурғро дар гароншавии хӯроки парандагон арзёбӣ мекунанд, ки нархи тухм бевосита ба он вобаста аст. Зикр мешавад, ки хӯроки паранда асосан аз Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон ва баъзе кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

Ба хулосаи муаллиф ҳудуди 80%-и арзиши аслии тухмро хариди хӯрок ташкил дода, бо вуҷуди он ки шумори фабрикаҳои парандапарварӣ дар Тоҷикистон афзудаааст, лекин корхонаи истеҳсоли хӯрок барои парандагон қариб, ки вуҷуд надорад.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки Аз 1-уми ноябр дар Тоҷикистон бори нахуст воякӯбии кӯдакони то 2-сола бар зидди сирояти пневмококк оғоз гардид. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии ин воякӯбӣ коҳиш додани бемориҳои вазнини менингит, сепсис ва пневмония миёни кӯдакони хӯрдсол мебошад. Маъракаи моякӯбӣ се давраро фаро гирифта, кӯдакон барои пурра ҳосил намудани иммунитети устувор зидди сирояти бемории пневмококк бояд дар синни 2, 4 ва 12 моҳагӣ воякӯбӣ шаванд.

Тӯрашоҳ Саймуддинов, муовини директори “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” ба нашрия гуфтааст, ки Пневмококк яке аз бемориҳое кӯдакона буда, тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 500 ҳазор кӯдакони синни то 5-сола аз ин беморӣ мефавтанд. Вай таъкид кард, ки бахусус кӯдакони синни то 2- сола ҳамчун гурӯҳи аслии осебпазир дар муқобили бемории пневмакокк дониста мешавад.

Ҳафтаномаи “Пайк” чопи Кӯлоб дар сармақолаи шумораи рӯзи 10 ноябр номаи саркушода ба раҳбари бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”-ро нашр кардааст. Муаллифи нома Аҳмади Иброҳим сардабири нашрия менависад, ки гузориши ахири Радиои «Озодӣ» таҳти унвони «Муҷассамаи модар ба модари кӣ монанд аст?» пур аз ғараз ва таҳқир буд.

Ба таъкиди муаллиф радиои “Озодӣ” бояд ин гузоришро аз сомонаи худ бардорад ва аз шаҳрдори Кӯлоб барои нашри акси модари марҳумаш узрхоҳӣ кунад. Минбаъд саҳфаҳои таърихи журналистикаи тоҷикро бо чунин гузоришҳо доғдор насозем, дар китоби муқаддаси журналистикаи тоҷик саҳфаи наву нангину орӣ аз шарафу номус ва ҷавонмардию риёро накушоем, — навиштааст Аҳмади Иброҳим.

Нашрияи “Пайк” дар ин шуомраи хеш ҳамчунин мақолае бо номи “Роҳсозон бемасъулиятӣ карданд, Кӯлоб аз селҳо зарар мебинад” чоп кардааст. 

Ба навиштаи ҳафтанома натиҷаи хунукназарии роҳбарияти пешини шаҳри Кӯлоб аст, ки имрӯзҳо бо боридани камтарин борон тамоми шаҳрро об зер мекунад, зеро оби ҷӯйборҳои канори роҳ ба зудӣ пур шуда, оби лойқа рӯйи роҳҳои мошингузар ва пиёдагард мебарояд. Муаллиф менависад, ки ҳангоми сохтусози роҳҳои Кӯлобшаҳр сохтмончиёни роҳ ба хунукназарӣ ва бемасъулиятӣ роҳ дода, ҷӯйборҳоро хеле танг монда рафтанд. 

Дар робита ба ин муаллиф зимни муроҷиат ба вазири нақлиёти Тоҷикистон дархост кардааст, аз болои сохтмончиёни роҳҳо дар тамоми ҷумҳурӣ назорати ҷиддӣ барад, то ба чунин бемасъулиятӣ роҳ надиҳанд, зеро ҳамакунун барои азнавсозии роҳҳо ва ҷӯйборҳои шаҳри Кӯлоб чанд миллион сомонии дигар лозим аст, ки иштибоҳоти роҳсозон бартараф гардад.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ

радиои “Тоҷикистон”