Медали тиллои Темур Раҳимов Раҳимов (+100кг) дар GRAND SLAM BAKU 2022 дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паҳлавони сангинвазну номдору номовари тоҷик Темур Раҳимов дар рӯзи сеюми GRAND SLAM BAKU 2022 дар вазни +100кг бо шикаст додани ҳамаи рақибонаш медали тиллоро ба даст овард.

Темур дар даври аввал озод буд ва рақобатро аз даври дуюм муқобили варзишгари Исроил Серафим Компаниез оғоз карда, ӯро ба осонӣ шикаст дод ва ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври 1/4 ниҳоӣ Раҳимов бо варзишгари Гурҷистон ғолиб гардида, ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳхат гирифт.

Дар рақобати нимниҳоӣ Темур Раҳимов (+100кг) бо шикаст додани варзишгари Финландия – Мартти Пуумалайнен ба марҳилаи ниҳоии GRAND SLAM BAKU 2022 баромад.

Барои ба даст овардани медали тилло Темур Раҳимов бо як партофти тиллоӣ муқобили ҷудокори ӯзбек – Алишер Юсупов бо имтиёзи иппон музаффарият ба даст овард ва тавонист, ки аввалин нишони тиллоро дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқаҳои GRAND SLAM Ба даст биёрад.

Дар рӯзи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тӯҳфаи арзандае буд барои кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон.

Муборак бошад Темур Раҳимов!