Баргузории чорабинӣ таҳти унвони “Конститутсия –кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар”

Имрӯз дар толори “Кохи Афсарон” бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ таҳти унвони “Конститутсия –кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар Чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муасисаҳо ва хизматчиёни давлатӣ иштирок намуданд. Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президеннти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониву баромадҳои хеш ба муҳимияти Конститутсия ва таъмини волоияти он диқати махсус зоҳир менамоянд. Маҳкам Маҳмудзода Академики Академияи миллии илмҳои ҶТ зимни баромади хеш иброз намуд, ки таърихи қабули ин муҳими ҳуҷҷати сиёсӣ ба давраи басо ҳассоси мураккаби солҳои навадуми қарни гузашта, ки ҶТ қадамҳои аввалини худро барои бунёди давлати соҳибистиқлол ва аркони давлатдории миллӣ мегузошт рост омада, он барои мустаҳакам кардани пойдевори андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо гузошт. 

Омӯзгори калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар баромади хеш нақши Конститутсияро дар таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрванд муҳим разёбӣ намуд. Ба таъкиди мавсуф ҳар як шахс вазифадор аст, ки дар баробари ҳуқуқу озодиҳо инчунин ҳар як модаи конститутсияро риоя намояд. “Конститутсияи ҶТ ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат эътироф гардида, дар роҳи таҳкими давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомаеи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад”,- иброз намуд Раиси комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Бахтиёр Худоёрзода зимни баромади хеш.

Ҳамчунин зикр гардид, ки қабули Конститутсияи ҶТ ҳамчун рӯйдоди бузурги тақдирсоз барои гузариш ба марҳилаи нави рушди ҷомаеи кишвар, яъне ба сӯйи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомаеи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории Ваҳдати миллӣ, ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.

Баҳруллои Маҳмадшариф

радиои “Тоҷикистон”