Нақби “Дарвоз” дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб ифтитоҳ гардид

Имрӯз, 6 ноябр дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар мавзеи Ширговади ноҳияи Дарвоз нахустин нақби мошингузарро дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб ифтитоҳ намуд. Дар ин бора аз бахши матбуоти раиси ВМКБ хабар доданд.
Нақби мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалигардонии яке аз ҳадафҳои сатратегӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, бунёд гардид.
Дарозии нақб 365 метр буда, дар он аз ду тараф роҳи пиёдагард бо паҳноии 7 метр низ сохта шудааст. Маблағгузори лоиҳа Гурӯҳи ҳамоҳангсози Араб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фармоишгари сохтмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 7,5 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дода шуда, он аз тарафи ширкати чиноии “Чайна роуд & брич корпорейшн” бо сифати баланд сохта гардид.
Ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иттилоъ дода шуд, ки бо сохта гардидани нақб масири роҳ дар қитъаи мазкур як километр кӯтоҳ ва бехатар гардонида шуд.
Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат бунёди нақби мошингузарро тӯҳфаи арзанда ба ҷашни 35 –солагии Истиқлоли давлатӣ ва нишонаи вусъати корҳои ободию созандагӣ дар Бадахшон маънидод намуд.