Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб ба 643 нафар ятимони эҳтиёҷманди шаҳри Душанбе, ки дар тарбияи хешовандони наздик қарор доранд, давоми 12 моҳ ба ҳар яке 505 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳи июни соли равон дар доираи як сол аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чунин лоиҳаи башардӯстона дар 16 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон амалӣ гардид, ки тули 2 моҳи сипаригардида тибқи ин барнома ба суратҳисоби 500 нафар ятим тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар як моҳ 100 доллари ИМА интиқол гашт.
Бояд гуфт, дар доираи лоиҳаи мазкур ба 1143 нафар ятим кўмакпулӣ расонида мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки соли ҷорӣ бо ташаббуси ҶҲАТ ва шарикони рушд ҷиҳати дастирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла зарардидагони офатҳои табиӣ, маъюбону камбизоатон ва ҳамчунин ба муассисаҳои тандурустии кишвар кӯмакҳои башардўстона расонида шуд.