«Афкор»: баҳси омӯзиши хатти ниёгон

Гузориши расонаҳои хабарӣ аз нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот, ки дар он Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси ин Кумита бобати зарурати омўзиши хатти ниёгон изҳори назар карда буд, баҳси комилан фарохеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Фейсбук ба по кард.  Ёдовар мешавем, ки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи 29-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, “ҳар касе худро вориси адабиёти бузурги ҳазорсола медонад, бояд хатти ниёгонро донад ва омӯзад”.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода афзудааст: мухолифи омӯзиши хатти форсӣ нестанд, вале айни замон зарурати бозгашт ба онро намебинанд, зеро бознашр кардани санадҳо ва омода кардани мардум ба низоми нави хат мушкилӣ пеш меорад ва барои аз як хат ба хатти дигар гузаштан панҷоҳ – сад сол зарур аст.

Зери як гузориш атрофи ҳамин мавзўъ, корбаре бо исму насаби Фирдавс Назаров низ лозим набудани бозгашт ба хатти форсиро таъкид намуда, андешаҳои худро бо он асоснок намудааст, ки мардуми мо то ҳанўз ҳуруфи кириллиро, ки хеле осон аст, бо мушкилӣ аз бар мекунанд. Ҳоло масъулияти асосӣ дар назди мо хуб аз бар кардани забони адабии ҳозираи тољик ва тавассути он озодона гуфтугў кардан маҳсуб меёбад.

Дар ин замина Муҳаммадшариф Атоев, як истифодабаранда иброз доштааст, ки: «Шароити омўзиши хатти форсӣ дар кишварамон фароҳам оварда шудааст ва монеагузорӣ дар роҳҳи омўзиши хатти форсӣ ба назар намерасад» Ин иштирокдори баҳс дар илова ин нуктаро таъкид намудааст: «Зарурат ба омўзиши ҳуруфи ниёгон ҳама вақт вуљуд дорад, аммо дар иваз аз байн бурдани ҳуруфи кириллӣ кори беҳуда аст» Дар шарҳи худ, Муҳаммадшариф Атоев, кор гирифтани олимону адабиётшиносон аз хатти форсиро ба нафъи кор шумурда, дар зимн таъкид намудааст, ки набояд корбурди ҳуруфи кириллӣ аз байн бардошта шавад.

Алорағми ин таъкидот, ки бозгашт ба хатти ниёгон сарфи гарони маблағ металабад ва зимнан Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тољикистон дар нишасти хабарӣ ин андешаро рад кардааст, Асадулло Саъдулло, яке аз иштирокдорони баҳси мазкур мисол овардааст: «Ўзбеку туркман ба хатти лотинӣ гузашт, аммо дар ин радиф аз кириллӣ низ истифода мебарад ва ҳељ мушкиле садди роҳи онҳо нашудааст»

Аммо Муҳаммадшариф Атоев муътақид аст, ки бозгашт ба хатти ниёгон дар пай душвориҳои фанниву молӣ ва забонӣ дорад, вагарна ба бовари ў, Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон мукобили ин кор нест. Мавсуф дар илова гуфтааст: «Ҳоло акнун дер шуд.  Умедвор шудан ба он ки дар наздикиҳои 20-30  сол ин кор амалӣ мегардад, кори беҳуда аст, зеро  бениҳоят душвор мебошад. Фарзи мисол, чигунагии баргардони китоби «Анатомия» барои мани табиб тасаввурнопазир аст. Албатта ҳастанд нафароне, ки мегўянд, чунин китоби тайёрро аз кишварҳои форсизабон гирифтан мумкин, лекин бовар кунед, ин китобро мебояд як маротибаи дигар ба кириллӣ нигошта, баъдан ба забони тоҷикӣ баргардонем»

Умар Ҳамидов аз таљрибаи хеш мисол оварда ва навиштааст: «Вақте мехоҳам дар мавзўе аз интернет бо забони тоҷикӣ ва хатти кириллӣ мавод ҷустуҷў кунам, маълумоти кам дастрас менамоям.  аммо бо забонҳои дигар, ба монанди арабӣ, форсӣ, англисӣ, туркӣ, русӣ ва ғайра маълумотҳои зиёд ва муфид пайдо мекунам»

«Аслан баргаштан ба хатти форсӣ як раванди муҳлатталаб аст» – навиштааст Аҳмад Абдулло, яке аз корбарон. Ў ин нуктаро таъкид доштааст: «Ҳаминро бояд донем, ки аз ин об хушк нахоҳем баромад, зеро чанд насли бесавод моро интизор хоҳанд шуд»

Амирхоља Бахтдавлатов, дар хотимаи баҳси мазкур чунин навиштааст: «Дигар масъалаҳо, мисли сатҳи пасти дониши хонандагон, тартибу интизоми ғайриқаноатбахш ва ба дарсҳо иштирок накардани онҳо ҳал карда шавад, хубтар мебуд» Мавсуф дар иловаи шарҳи худ навиштааст: «Чорто фарзандам мактабро хонда тамом карданд, ба гуфтаи онҳо дар ин муддат ягон маротиба комиссия ба синфашон надаромадааст. Комиссия меояд, аз муаллимҳо маблағ ҷамъ карда ба љайбаш мегузоранду гуселаш мекунанд» «Чӣ хел насли наврас дар ин ҳолат савод меомўзад? Агар ба хатти форсӣ гузаранд, оё камбудиҳо ҳал мешаванд?» – суол гузоштааст дар охири матлаби хеш ин муаллиф.

Дилшоди Муҳаммад, масъули бахши

 “Афкор”-и  радиомаҷаллаи “Бозтоб”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *