“100 сония”: Ҳалокати як тан дар Фукусима, Писари Башшор Асад дар рўйхати таҳримоти нави Амрико, Озод намудани асирон аз ҷониби Толибон  

Ҳалокати як тан дар Фукусима

Дар шаҳри Корияма, воқеъ дар префактураи Фукусимаи давлати Ҷопон таркиш рух дод, ки дар натиҷа як тан ба ҳалокат расидаву 17 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.  Гуфта мешавад, ки дар натичаи ин таркиш як бинои на он қадар бузург пурра хароб гардидааст. Муайян шудааст, ки сабаби ҳодиса беэҳтиётӣ дар истифодаи гази пропан  мебошад. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

               Эълони рўзи мотам дар Қирғизистон

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон  Сооронбой Жээнбеков рўзи 30-уми июл дар ин кишвар  рўзи мотам ба хотири қурбониёни Covid-19 эълон гардидааст.    Имрўз дар ин кишвар дар биноҳои маъмурӣ, дипломатӣ ва ҳамзамон дар бинои консулгариҳои Қирғизистон дар кишварҳои хориҷ парчами давлатӣ фуруд оварда мешавад. Дар ин бора Интерфакс хабар додааст.

          Писари Башшор Асад дар рўйхати таҳримоти нави Амрико

    Рўйхати таҳримот аллайҳи кишвари Сурия боз бо даҳҳо ширкат ва 4 шаҳрванди ин кишвар, ки миёни онҳо писари президент Башшор Асад Ҳафиз Асад низ ҳаст, бештар гардид. Вашингтон аллайҳи ҳукумати Сурия бинобар сабаби ҳокимиятдории тўлонӣ таҳримоти нави худро ҷорӣ намуд.  Дар ин бора ТАСС хабар додааст.

       Афзоиши шумораи сироятёфтагони COVID-19 дар Ўзбекистон

Дар Ўзбекистон аз рўи натиҷаи шумораи  сироятёфтагони  коронавирус дар як шабонарўз рекорди нав гузошта шуд. Шабонарўзи гузашта дар ин кишвар 703 тан ба ин беморӣ сироят ёфта, шумори умумии сироятёфтагон ба 22 872 тан расид. Ин маълумотро хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ин кишвар пешниҳод доштааст. Ҳамчунин шабонарўзи гузашта дар ин кишвари ҳамсоя панҷ ҳолати фавт аз коронавирус ба кайд гирифта шуд. Шумораи умумии фавтидагон аз  COVID-19 дар Ўзбекистон ба 132 тан расидааст. Ҳукуматдорони ин кишвар то санаи 15-уми август холати карантинро тамдид намудаанд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

           Мубталоёни COVID-19 аз 17 млн беш гардид.

 Тибқи иттилои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ шумораи умумии ҳолати сироятёбӣ ба намуди нави коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон аз ҳадди 17 млн боло рафтааст. Аз рўи тасдиқи маълумоти Донишгоҳи Джонс Хопкинс 17 029 155 ҳолати сироятёбӣ 667 011 ҳолати фавт  ва  9 948 163 шифоёфтагон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.

           Озод намудани асирон аз ҷониби Толибон

Намояндаи дафтари сиёсии  ҳаракати “Толибан” дар давлати Қатар  Суҳайл Шоҳин эълон доштааст, ки толибон то рўзи иди саиди Қурбон асирони боқимондаи афғонро озод хоҳанд кард.   Ҳамин тариқ онҳо озод намудани шумораи ҳазорнафараи асиронро, ки қаблан ваъда карда буданд, ба анҷом мерасонанд. Ҳамзамон ў аз Кобул дархост кардааст, ки раванди озоднамоии шумораи 5 ҳазорнафараи асирони толибро, ки ваъда карда буданд, ба зудӣ анҷом диҳанд, то ҷодаи  гуфтушунидҳои оғознамуда миёни онҳо ҳамвор гардад. Ёдовар мешавем, ки имсол интиҳои моҳи феврал баъд аз 18 соли хунрезиҳо ИМА ва Толибон аввалин маротиба Созишномаи сулҳро ба имзо расониданд, ки тибқи он муддати 14 моҳ артиши хориҷа бояд аз хоки Афғонистон берун бароварда шуда, гуфтушунидҳои дохилӣ шуруъ гарданд. Дар ин бора РИА новости хабар додааст.

 Дар Ҳиндустон беш аз 1,5 млн сироятёфтагони COVID-19

Шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар давлати Ҳиндустон шабонарўзи гузашта боз 52 123 тан афзудаву шумори умумии гирифторон ба 1 583 792 тан расид. Ин маълумотро Вазорати тандурустии ин кишвар пешниҳод доштааст.  Дар ин кишвар 64,44% – сироятёфтагон бар ин беморӣ ғолиб омадаву шифо ёфтаанд. 33,35% пайи табобат қарор доштаву 2,21% фавтидаанд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

     Тирпарронӣ дар Миссурии Амрико

Дар шаҳри  Сент-Луис воқеъ дар иёлати  Миссурии Амрико дар натиҷаи сар задани тирпарронӣ 3 тан ба ҳалокат расидаву 1 тани дигар ҷарохат бардошт. Тибқи иттилои пулис сабаби ин ҳодиса нофаҳмӣ миёни аъзоёни ду гуруҳи ҷиноӣ будааст. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

  Шаби гузашта 129 тан  аз коронавирус дар Руссия ҷон бохтанд.

Шумори сироятёфтагони COVID-19 дар давлати Руссия шабонарўзи гузашта боз  5 509 тан зиёд гардида, ҳисоби умумии сироятёфтагон дар ин кишвар ба 834 499 тан расид. Ҳамзамон шабонарўзи гузашта дар Руссия 129 тан аз COVID-19 ба ҳалокат расидаву шумори умумии фавтидагон дар ин кишвар ба 13 802 тан расидааст.  Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

 

Моҳшариф Холиқзода

Масъули бахши “100 сония” аз Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *