Яке аз дастовардҳои нодирии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ Маркази омӯзиши мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҷилди 1-2 китоби мазкур бо муаллифии аксарияти устодони ин даргоҳи илму маърифат ба нашр расида буд.
Ректори академияи мазкур Абдухалил Ғаффорзода мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 ҷилди 3-4-и китоби мазкур аз ҷониби устодону профессорони ин муассисаи олӣ пурра омода ва таҳия гардида, аз ҷониби забоншиносону коршиносон мавриди таҳрир қарор дорад ва интизор меравад, ки дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ аз чоп барояд.
Малоҳат Тоҳирова
Радиои “Тоҷикистон”