Дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии антологияи “Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон”, ки муаллифи ғоя ва мураттиби он Абдуқаҳҳори Қосим, муҳаррири масъул мунаққиди варзидаи кишвар Мубашшир Акбарзод буда, бо пешгуфтори раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Сайфулло Сафаров рӯи чоп омадааст, баргузор гардида истодааст.
Ба иттилои ҳамкорамон Парвина Самандарзода нишаст бо сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ шурӯъ гардида, гуфта шуд, ки таҳия ва нашри китоби мазкур саривақтӣ буда, дар баланд бардоштани ҳуввияти миллии сокинони ҷумҳурӣ ва тоҷикони рӯйи дунё саҳми бориз мегузорад. Ба таъкиди Фарҳод Раҳимӣ ҳар адибе, ки ба Тоҷикистон омаданд, худ таассуроти нек гирифтанд.
Китоб 408 саҳифаро дарбар гирифта, осори назмиву насрӣ, мақолаҳои илмию оммавӣ ва хотироти 70 муаллиф, аз ҷумла се нафар аз Тоҷикистон ва аз кишварҳои гуногунро гуноҷоиш додааст. Эҷодиёти адибон аз мамолике ба монанди Эрон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон,Узбекистон, Озарбойҷон, Курдистон, Амрико, Олмон, Колумбия, Непал, Лаҳистон, Чин, Мекиска, Канада, Покистон, Дания, Эквадор, Нигерия, Индонезия, Юнон, Панама, Ҳиндустон, Испания, Сербия, Бангладеш, Бразилия, Туркия, Беларус, Молдова ва ғ. доир ба кишвари мо ва дастовардҳои он тарҷума гардидаанд.
Дар идомаи рӯнамоӣ иштирокдорон андешаҳои худро бобати нашри китоби ” Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон ” ироа намуда истодаанд.