Акс аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Дар назди Муассисаи таъмилии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” Маркази клиникӣ, илмӣ -таълимӣ бо маблағгузории Корхонаи воҳидии давлатии “Саноатсодиротбонк” сохта шуда, он имрӯз 20 сентябри соли равон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст. Гуфта мешавад, дар маросими ба истифода додани маркази таълимии мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” иштирок намуданд.
Масоҳати умумии марказ тибқи нишондодҳои шиносномаи он 3704 м2 – ро ташкил медиҳад, ки дар он шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, эндоурология, бемориҳои дарунӣ, гинекологӣ, озмоишгоҳ, дармонгоҳ ва ғайра ҷойгир карда шудаанд. Инчунин, дар марказ синфхонаҳо барои гузаштани машғулиятҳои амалӣ фаъолият менамоянд.
Айни ҳол дар марказ зиёда аз 50 нафар табибон-омӯзгорон фаъолият карда истодаанд.
Маркази клиникӣ бо оксигени мутамарказонидашуда муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он барои шустушӯй ва тамизгардонии маводи ҷарроҳон ва беморон автоклав ва мошинаҳои ҷомашӯӣ мавҷуд мебошанд. Дар таҳхонаи марказ дорухона, гардиреб, ҳуҷра барои гузаронидани малакаҳои амалӣ муҳайё карда шудааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар риштаи ҳифзи иҷтимоӣ ҳанӯз дар соли 2019 дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” мавриди истифода қарор дода шуд.
Он замон дар ҷараёни маросими ифтитоҳи бинои таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки дар назди маркази таълимии мазкур бояд Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ сохта шавад.
и сиҳатии омма бо ибтикори роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат як қатор муассисаҳои таълимӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.