Дар рӯзи дуюми 9-умин мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 19-20 сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, рақобатҳо аз рӯи 3-вазн ( -90кг, -100кг ва +100кг) баргузор гардид.
Дар вазни -90кг 22-ҷудочӣ номнавис гардида буданд ва барои ба даст овардани нишонҳои фахрии мусобиқа талош намуданд. Медали тиллои ин вазнро ҷудочии бомаҳорати кишвар Ҳақназар Назаров соҳиб шуд. Ҳақназар барои ба даст овардани медали тиллоӣ ин мусобиқа ҷудочии дигари тоҷик Кароматулло Ҳакимовро шикаст дод. Нишонҳои биринҷии ин вазнро Қосим Бағҷеғӣ эронӣ ва Эрмахан Анурбеков аз Қазоқистон ба даст оварданд.
Ғолибони вазни -90кг:
1.Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)
2.Кароматулло Ҳакимов (Тоҷикистон)
- Қосим Бағҷеғӣ (Эрон)
- Эрмахан Анурбеков (Қазоқистон)
Ғолибони вазни -100кг:
- Бекарис Садукас (Қазоқистон)
- Фирдавс Насимов (Тоҷикистон)
- Исроил Раҳимов (Тоҷикистон)
- Раҳматулло Мирзоев (Тоҷикистон)
Ғолибони вазни +100кг:
- Мансур Раҳмон (Тоҷикистон)
- Фарзин Ҳусейнов (Тоҷикистон)
- Жамбул Тургуналиев Қазоқистон)
- Дадахон Қурбоналиев (Тоҷикистон)
Ҷоизадорони мусобиқа бо туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ғолибон барои ҷойи аввал 40-ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 20-ҳазор ва барои ҷойҳои сеюм 10-ҳазор сомониро соҳиб гаштанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 баргузор мешавад. Дар соли аввал Виталий Дудчики украинӣ дар вазни -81кг ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ (+100 кг) ғолиб шуданд.