Акс аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия
12 сентябри соли ҷорӣ ҳайати ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлони Тоҷикистон сафари худро аз вилояти Газиантепи Туркия оғоз намудааст. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар додааст.
Тавре манбаъ менависад, тибқи барномаи сафар ҳайати мазкур таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар баробари мулоқот бо Волии вилояти Газиантеп Давут Гул ва Раиси шаҳри Газиантеп Фатма Шаҳин бо роҳбарияту субъектҳои хоҷагидори Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп нишасти корӣ доир намуд. Дар он имкониятҳои сармоягузории шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва минтақаи мазкур муаррифӣ гардид.
Дар идомаи ташриф ба минтақаи мазкур ҳайат аз 6 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли қолинҳо, маҳсулотҳои кимиёвӣ, ришта, уребчаҳо, макарон ва банду басти пистаю дигар намуди донагиҳо боздид кард.
Ҳамчунин ҳайати тиҷоратию ҳукуматӣ аз Маркази тарроҳии саноатӣ ва моделсозии гибридии Газиантеп ва коргоҳҳои заргарӣ, пойафзолдузӣ ва ғайра дидан карда, бо фаъолияти онҳо вобаста ба ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар самтҳои гуногун шиносоӣ пайдо намуд.
Дар маҷмӯъ, байни роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, МОИ “Панҷ” ва Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп, инчунин Маркази тарроҳии саноатӣ ва моделсозии гибридии Газиантеп 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.