Падару духтар дар ҳодисаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ 12-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 06:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Рисбоев Баҳодур Саркабоевич, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, ронанда Рисбоев Б.С. ва духтари ноболиғаш Рисбоева Гулсевара Баҳодуровна, соли таваллудаш 2006, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дигар мусофирони дохили автомашинаи мазкур, ҳамсараш Рисбоева Зуҳро Абдумаҷидовна, соли таваллудаш 1978 ва писараш Рисбоев Асадбек Олимбекович, соли таваллудаш 2003, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ҳолати мазкур санҷиш идома дорад.