13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи муосири истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар доираи иҷрои ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат ба хотири таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот сохта шудааст.
Иқтидори истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб дар як баст то 5 тонна маҳсулот мебошад. Дар як сол корхона имкон дорад ба маблағи қариб 50 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд.
Дар корхона 80 нафар бо ҷойи кор, шароити хуб ва маоши баланд таъмин шуданд. Имкон аст оянда бо баланд бардоштани иқтидори корхона шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида шуда, маҳсулоти корхона баъди таъмини бозори истеъмолии пойтахт ва ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шавад.
Барои бунёди корхона масоҳати қариб 1 гектар замин ҷудо гардида, дар масоҳати 3970 метри мураббаъ бинои истеҳсолии ҳозиразамон ва иншооти ёрирасон бо насби таҷҳизот, технологияи навтарин ва таъмини инфрасохтори муҳандисӣ бо дарназардошти талаботи санитарию эпидемиологӣ сохта шуд.
Иншоот аз бинои маъмурӣ, сехҳо, ҷойи қабули гӯшти чорвову паранда, сардхонаи нигоҳдории гӯшти коркардшаванда, анбори маҳсулоти тайёр, ошхона, таваққуфгоҳ барои нигоҳдории нақлиёти хизматӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Гӯшти тозаву босифат ва ғизоноки чорвову паранда барои истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо аз Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дастрас карда мешавад.
Фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома” идомаи занҷираи арзиши иловашудаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дар шаҳри Душанбе буда, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст.
Ин тадбир ҳамчунин ҷиҳати ғанигардонии бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи гӯштӣ амалӣ гардидааст.
Пеш аз ба фаъолият оғоз бахшидани корхона 25 нафар коргарони ширкат ба муҳлати 6 моҳ дар корхонаҳои дигари ватанӣ ба омӯзиши нозукиҳои касб машғул шуданд. Дар вақти насб кардани таҷҳизот дар корхона бо ҷалби мутахассисони олмонӣ коргарон давоми як моҳ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Дар айни замон як нафар коршиноси хориҷӣ барои омӯхтани мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки корхонаи нав дорои техникаву таҷҳизоти муосир буда, зиёда аз 80 намуди ҳасибҳои гуногунлаззат, аз ҷумла 20 намуд ҳасиби пухташуда, 25 навъи дудкардашуда, 2 намуд ҳасиби бо буғ пухташуда (ветчина), 15 номгӯй деликатес, инчунин ҳасибчаҳои борик, 5 намуд сарделка ва 20 навъ ҳасибҳои хурди аз қимаи гӯшт тайёршуда истеҳсол мекунад.
Истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо барои таъмини бозори пойтахт бо чунин маҳсулоти аълосифат ба роҳ монда шудааст.
Хусусияти хоси фарқкунандаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома” аз дигар ширкатҳои ватании истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар он аст, ки роҳбарияти корхона барои таҳияи лаззатҳои нав ва махсуси маҳсулот аз ширкатҳои маъруфи олмонӣ ва австриягӣ мутахассис-технологҳоро даъват карданд. Ҳамин тавр коршиносон бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла растаниҳои шифобахши диёр 50 навъи нави маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳоро ихтироъ карданд. Таъм, лаззат ва сифати маҳсулоти аз ҷониби коршиносон омодашуда на танҳо сифати ғизоро беҳтар кард, балки ба он хусусияти шифобахшӣ илова намуд.
Корхона пурра бо тарҳи олмонӣ бунёд шуда, онро Бюрои конструкторӣ-лоиҳакашии Магдебурги Олмон вобаста ба талаботу стандартҳои аврупоӣ тарҳрезӣ кардааст.
Бинои истеҳсолӣ ва ҳуҷраҳои кории маъмурият бо якдигар пайваст буда, дар ду минтақаи воридшавӣ таҷҳизоти безараргардонӣ насб гардидаанд.
Аксари таҷҳизот истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Олмон, аз қабили “Зайделман”, “Сименс”, “Фемаг”, “Рекс”, “Лима”, “Магурит” ва “Вариовак” буда, дар бозори таҷҳизоти истеҳсоли ҳасибҳо ва маҳсулоти гӯштӣ пешсаф аст.
Фаъолияти кори таҷҳизоти муосир ба буридани гӯшти яхкардашуда, қимма кардани гӯшт, ҷудо кардани гӯшт аз устухон, илова ва омехта кардани ҷузъҳои барои маҳсулот зарурӣ, пуркунандаи маҳсулоти нимтайёр ба рӯпӯши махсус, бо дуд ва буғ пухтани ҳасибҳо ва бастабандии маҳсулоти тайёр нигаронида шудааст.
Ҷиҳати расидан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ техникаи замонавӣ ва таҷҳизоти зарурии коргоҳҳо ҳамчунин аз ширкатҳои бонуфузи Туркия, Русия, Беларус харидорӣ шудаанд.
Барои нигоҳдории сифати маҳсулот сардхонаи нигоҳдории ҳасибҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, ҳарорати дохилӣ дар сатҳи аз -40 дараҷа хунукӣ то +12% дараҷа гармӣ нигоҳ дошта мешавад.
Сендвичпанелҳо маҳсулоти куллан замонавӣ ба шумор рафта, реҷаи махсуси ҳароратро дар дохили коргоҳҳои истеҳсолӣ ба танзим медароранд. Сендвичпанелҳои сехҳои корхона бо маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ зуд — зуд шуста мешаванд ва онҳо бо варақаҳои пӯлодии зангназананда рӯйпӯш карда шудаанд. Ҳавокашҳо, ҷӯйбор ва обравҳо, мизҳои гӯштпоракунӣ, пойафзолхушккунак, ҳуҷраҳои обпошӣ барои сардсозии маҳсулот баъди тафдон ва дастгоҳи буғистеҳсолкунанда дар коргоҳҳо низ аз металлҳои зангназананда омода шудаанд.
Баъди ифтитоҳи корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мағозаи назди корхона бо намунаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома” шинос шуданд.
Қобили зикр аст, ки номи корхонаи “Акома” аз луғати қадимии тоҷикӣ гирифта шуда, таърихи беш аз 2500-сола дорад.
Бо номи “Акома” дар қадим хӯришеро тайёр мекарданд, ки иборат аз гӯшти қиммашуда дар рӯдаи гӯсфанд буда, ба ҳасиби замони ҳозира нисбат дода мешавад.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти корхона бо дарназардошти ҳифзи арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ба баъзе аз маҳсулоти корхона номи минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони азизро гузоштаанд, аз ҷумла “Бохтарӣ”, “Суғдӣ”, “Бадахшон”, “Ҳулбук”, “Роғун”, “Саразм”, “Кӯшониён”, “Ориёӣ”, “Акома” ва “Маликона”. Бо унвонҳои тоҷикӣ, аз қабили “Ватанӣ”, “Сарват”, “Шоҳона”, “Мужда”, “Зайтун”, “Накҳат” ва “Ҷонон” номгузорӣ шудани баъзе маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо низ як навъ тарғиби эҳсос ва ифтихори миллӣ мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки дар корхона бо усули қадимии аҷдодӣ маҳсулоти гӯштӣ истеҳол карда мешавад. Аз ҷумла, дар ин ҷо як навъи деликатес истеҳсол мегардад, ки таъм ва лаззати он нотакрору ба талаботи бозори истеъмолӣ мутобиқ карда шудааст.
Маоши кормандони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома” аз 1700 то 4000 сомонӣ иборат буда, кормандон бо шароити хуби корӣ таъмин мебошанд.
Зимни шиносоӣ бо навъҳои маҳсулоти корхона иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо бо технологияи муосир, ки дар ҷумҳурӣ аввалин буда, дар Осиёи марказӣ назир надоранд, тайёр карда мешаванд. Истифодаи технологияи мазкур дар истеҳсолоти корхона ба беҳтар шудани сифати маҳсулот мусоидат мекунад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ 16 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ҳасибӣ машғул аст. Дар 8 моҳи соли 2022 дар ҳаҷми 2 ҳазору 692 тонна маҳсулоти ҳасибӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 9,5 тонна зиёд аст ва суръати афзоиш ба 100, 4 фоиз баробар шудааст.
Дар 7 моҳи соли 2022 ба ҷумҳурӣ 1761 тонна маҳсулоти ҳасибӣ ворид гардидааст.
Ҳадафи бунёди корхонаҳои ватании истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб дар кишвар- коҳиш додани воридшавии маҳсулоти берунӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, беҳтар кардани сифати маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин коргоҳи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.