Ҷамолиддин Абдуллозода бо  Ҳанс Клюге созишномаи ҳамкориҳоро барои ду сол ба имзо расонид. Тафсилоти Вазорат

Аз аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

11 сентябри соли равон дар доираи баргузории иҷлосияи 72-уми Кумитаи минтақавии Ташкилоти умумҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба кишварҳои Аврупо, ки дар  шаҳри Тел-Авиви кишвари Исроил идома дорад, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо Созишномаи нави ҳамкории дусоларо ба имзо расониданд.

Дар ин бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода, менависад, ки ин Созишномаи муҳим ҳадаф ва нақшаҳои муҳими таҳкими низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад, ки ТУТ дар ин самт дастгирии техникӣ ва молиявӣ хоҳад расонид.

Гуфта мешавад, пандемияи COVID-19 сабақҳои муҳимеро вобаста ба роҳҳои минбаъд беҳтар кардани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ба миён овард. Дар ин миён, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба мувофиқа расиданд, ки сабақҳои аз ин пандемия андӯхтаро дар саъю кӯшиши муштараки худ барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои  тиббӣ ба аҳолӣ истифода баранд. Ин масъала дар Созишномаи нави ҳамкории дусола, ки имрӯз ба имзо расид, махсус  дарҷ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ имзои Созишномаи нави ҳамкории дусола марҳалаи муҳим дар муносибатҳои дарозмуддати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТУТ ба шумор меравад.

Бино ба тафсилоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин созишнома на танҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна сабақҳои аз  пандемияи COVID-19 гирифта шуда метавонанд саломатӣ ва соҳаи тандурустиро беҳтар гардонанд, балки он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунад.