Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пахши моҳворавӣ пайваст гардид

Шабакаи телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар саросари Тоҷикистон сар аз 1 сентябр тавассути моҳвораи «YAHSAT» дар ҳаҷми 16 соат пахш мегардад. Дар ин бора аз шабакаи мазкур иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, дар оғоз пахши барномаҳои телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо фарогирии мавҷи ноқилӣ пешкаши тамошобинон карда мешуд. Ҳамакнун сокинони кишвар метавонанд тавассути моҳвораи «YAHSAT» аз имконияти сайёҳии ҷумҳурӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, ошхонаву тарабхонаҳо, осоишгоҳҳо, нуқтаҳои савдои сайёҳӣ, фурӯшгоҳҳои армуғонӣ, озмуну барномаҳои сайёҳӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ воқиф гарданд.

Шабакаи телевизионии «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 1 апрели соли равон фаъол гардид. Барномаҳои ин шабака бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ пахш мегардад.

Дар Тоҷикистон 8 телевизион ва 5 радиои давлатӣ ва даҳҳо радиои хусусӣ вуҷуд дорад.