Тими футзали “Ориёнбонк” барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид.
Тавре ФФТ хабар медиҳад, дар ин мусобиқа 12 даста ширкат карданд, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд.
Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ футзалбозони “Ориёнбонк” ва “Рахш-Таксӣ” ба майдон баромадаанд. Дар ин нерӯсанҷӣ кормандони бонк бо ҳисоби 5:1 пирӯз гаштанд.
Манбаъ мегӯяд, барои ҷойи севум дастаҳои “Вавилон” ва “Соро компания-2” бо ҳам сабқат намуданд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои 11-метрӣ, бахт ба рӯйи футзалбозони “Соро компания-2” хандид ва ҳисоб 4:2 шуд.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи Ҷоми ФФТ Сироҷиддин Ҳусейнов аз дастаи “Ориёнбонк” ва беҳтарин дарвозабон ва ҳамдастааш Ибод Назиров беҳтарин нишонзани мусобиқа дониста шуд. Беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаи “Рахш-Таксӣ” Орзу Додхудоев эътироф гардид.
ФФТ тавзеҳ дод, ки дар ин мусобиқа дастаҳо аввал аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ карданд. Сипас ҳашт даста ба чорякфинал роҳ ёфт. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системаи олимпӣ сурат гирифтаанд.
Маросими ҷамъбастии мусобиқа ва тақдими ҷоиза бо иштироки ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, муовини аввали раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев ва директори Лигаи футзали ҶТ Бахтовар Меликов баргузор гардид.